16.9 C
Dushanbe

Кумакҳои бебозгашти яксолаи БОР ба Тоҷикистон чӣ қадар аст?

Намояндагии Бонки осиёии рушд дар Душанбе гуфтаанд, ки дар соли 2020 ба Тоҷикистон ба маблағи 320 млн доллар кумаки бебозгашт расонидаанд.

Бино ба навиштаи сомонаи “Азияи-Плюс” ин бастаи кумакҳои мазкур аз лоиҳаҳо дар соҳаи нақлиёту бахши кишоварзӣ ва захираҳои табиӣ, идоракунии бахши давлатӣ, маориф ва энергетика, инчунин кумаки таъҷилӣ барои мубориза бо пандемияи коронавирус иборат будааст.

Намояндагони ин бонк охири соли 2019 хабар дода буданд, ки мутобиқи нақшаи навшудаи индикативӣ ва бо ишора ба мавҷуд будани маблағ ва омодагии лоиҳаҳо, давоми солҳои 2020-2022 Тоҷикистон дар ҳаҷми 404 млн доллар кумаки молиявӣ мегирад.

Тоҷикистон аз оғози соли 2018 аз БОР танҳо бар асоси бебозгашт кумак дастрас мекунад. То ин вақт давоми солҳои 2015-2017 кумак тариқи 50/50, яъне 50% – қарз ва 50% – грант расонида шудааст.

БОР гуфтаанд, ки пурра гузаштан ба грантро уҳдадориҳои нави молиявӣ сандуқи қарзии бе ин ҳам зиёди Тоҷикистонро душвортар мегардонанд.

Гуфта мешавад, БОР яке аз бузургтарин мададрасонони Тоҷикистон ба шумор меравад. Аз соли 1998 то ин дам Бонки мазкур ба Тоҷикистон зиёда аз 1,9 млрд доллар ҷудо кардааст, ки беш аз нисфи он ба грантҳо рост меояд.

Ба гуфтаи намонядагони ин ниҳоди молиявӣ, давоми солҳои 2021-2023 ба Тоҷикистон дар шакли грант зиёда аз 323 млн долларро ба нақша гирифтааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Изҳори ташаккурии Трамп аз боз шудани тангаи Ҳурмуз

Рӯзи ҷумъа, 17-уми апрел вазири корҳои хориҷии Эрон Аббос Ироқчӣ бо нашри паёме дар шабакаи Х аз пурра боз шудани тангаи Ҳурмуз хабар дод.

Тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ду кушта ба ҷо гузошт

Шаби 17-уми апрел дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон дар ҳудуди ноҳияи Фархори вилояти Хатлон даргирии мусаллаҳона сура гирифт, ки дар натиҷа ду нафар кушта шуданд.

Фарзанди Эмомалӣ унвони илмӣ гирифт

Фарзонаи Эмомалӣ, духтари хурдии раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон унвони номзади илмҳои тиб гардидааст.

Истифодаи паҳподҳо дар машқҳои низомии “Ҳамкорӣ–2026” дар Хатлон

Дар вилояти Хатлон машқҳои низомии муштараки амалиётӣ-стратегии "Ҳамкорӣ–2026" бомуваффақият анҷом ёфтанд.