Як манбаъ аз ҳукумати феълии Судон ба Ал -Ҷазира гуфта, ки маълумот дар бораи кӯшиши табаддулоти давлатӣ шоми душанбе ба ҳукумат расида буд, ва дар ҳукумат барои хунсо кардани он пешакӣ омодагӣ гирифтанд.
Субҳи имрӯз телевизиони давлатии Судон эълом кард, ки кишвар шоҳиди “кӯшиши табаддулоти нофарҷом” аст ва аз шаҳрвандон даъват кара, ки бо он муқобилат кунанд. Мақомоти Судон низ дар ин бора дертар изҳорот пахш хоҳанд кард.
Дар навбати худ, узви Шӯрои Ҳокимияти Судон Муҳаммад Ал-Факӣ Сулаймон гуфт, ки “Судониҳо бояд барои дифоъ аз кишвари худ ва ҳифзи ҳукумати интиқолӣ бархезанд.” Ал–Факӣ Сулаймон афзуд, ки “ҳама чиз таҳти назорат буда ва қиёми мардум пирӯз аст.”
Як раҳбари нерӯҳои Озодӣ ва Тағйирот ба Ал -Ҷазира гуфта, ки аъзои режими собиқ кӯшиши табаддулотро анҷом додаанд ва шуморе аз онҳо боздошт шудаанд. Кӯшиши табаддулот аз ҷониби афсарон бо мошинҳои зиреҳпӯш дар ду минтақаи низомӣ Води Сидно ва Умдурмон сурат гирифтааст.