Лаҳистон 45 дипломати Русияро ихроҷ карданист

Хадамоти амнияти дохилии Лаҳистон аз Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар хостааст, ки 45 дипломати Русияро аз ин кишвар ихроҷ кунад.

Акс аз манбаъҳои озод

Бино ба иттилои “

Расонаҳо дар пасманзари он таҳлилҳои мухталиферо пешниҳод кардаанд, вале аксари онҳо ба ин хулоса расида буданд, ки ба эҳтимол кормандони сафорат бархе ҳуҷҷатҳоро оташ задаанд.

Ҳамзамон расонаҳо пеш аз оғози ҳамлаҳои Русия ба Украина навореро нашр карда буданд, ки он аз болои сафорати Русия дар Украина сутуни дуде хориҷ мешавад, он замон ҳам хеле аз расонаҳо ва корбарон, аз ҷумла муаллифи яке аз наворҳо гуфта буданд, ки ба эҳтимол кормандони сафорат ҳуҷҷатҳоеро оташ задаанд.

Пас аз оғози ҳамлаҳои Русия ба Украина ва пуштибонии Лаҳистон аз Украина танишҳои лафзӣ миёни Маскав ва Варшава то рафт шиддат мегиранд. Лаҳистон барои муҳоҷирону паноҳҷӯёни Украина, ки аз ҷанг гурехта ба ин кишвар паноҳ овардаанд, хадамоти зиёдеро ройгон ироа кардааст ва пайваста аз тамомияти арзӣ ва истиқлоли Украина ҳимоят кардааст.

Инчунин Лаҳистон яке аз кишварҳоест, ки аз Иттиҳоди Аврупо хостааст, таҳримҳои зиёдтареро алайҳи Русия ҷорӣ намояд, то Маскав ҳарчи зудтар аз ҷанг дар Украина ва ҳамлаҳои вайронгари худ даст бардорад.

Ин рафтори мақомоти Лаҳистон дар қиболи Украина ҷонибдорони Путин дар Русияро ба хашм овардааст. Телевизиони давлатии Русия Россия 1 чанде пеш сарони кишварҳои Аврупо, аз ҷумла Лаҳистону Олмонро аз ҷанги атомӣ тарс дода, бо ироаи пешниҳоде бо оҳанги ҳушдор ба Варшава гуфта буд, ки Русия метавонад аз тариқи Литва ё Лаҳистон як каридори заминӣ то Калининград бисозад.

Гуфтанист, ин пешниҳоди телевизони давлатии Русия ба Лаҳистон на танҳо хуш наомад, чун дар он пешниҳоди ғасби қисме аз хоки Лаҳистон матраҳ аст, дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ хашми хелеҳоро ба вуҷуд оварда буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қирғизистон 170 хонаи аз Тоҷикистон гирифтаашро ба сокинон тақсим мекунад

Қирғизистон 170 хонаеро, ки аз Тоҷикистон гирифта буд, ба сокинонаш тақсим мекунанд.

Ҳукми абади ду нафар барои қатли Маннон Содиқов

Додгоҳи вилояти Суғд ду сокини шаҳри Исфараро бо иттиҳоми қатли узви пешини ҲНИТ ба ҳабси умрбод маҳкум кард.

Ҳамла ба полойишгоҳи бузурги Русия дар пасманзари камбуди сӯзишворӣ дар Тоҷикистон

Бузургтарин полойишгоҳҳои Русия дар шаҳри Киришии вилояти Ленинград мавриди ҳамлаи паҳподӣ қарор гирифта, дар он оташсӯзӣ рух дод.

Дар Самара пардохтҳои муҳоҷирон зиёд мешавад: акнун барои фарзандон ҳам маблағ месупоранд

Думаи вилояти Самараи Русия тағйиротеро қабул кардааст, ки аз соли 2027 афзоиши пардохтҳои муҳоҷирон ва пардохти иловагӣ барои фарзандони ҳамроҳашонро пешбинӣ мекунад.