Ҳукумати Лаҳистон мубориза бо муҳоҷирони ғайриқонуниро оғоз мекунад. Рӯзи сешанбе 17- август Шӯрои вазирони ин кишвар лоиҳаи ислоҳоти қонун дар бораи хориҷиён ва ҳамчунин қонун дар бораи додани паноҳандагӣ ба хориҷиёнро қабул кард.
Акс: ИнтернетСабаби тағйирот дар қонунро мақомот вуруди фавҷи муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз қаламрави Беларус ба Лаҳистон рабт медиҳанд.
“Мо мехоҳем лоиҳаи тағйиротро ба вазъи кунунии муҳоҷират дар сарҳад мутобиқ кунем. Сухан дар бораи содда кардани тартиб дар сурати убури ғайриқонунии сарҳад ва таъмини амнияти дохилии давлат ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ меравад,” – омадааст дар сомонаи
Вазири корҳои дохилаи Лаҳистон, Мариуш Блашак рӯзи чоршанбеи 18-уми август дар саҳифаи твиттериаш хабар дод, ки айни замон зиёда аз 900 сарбоз барои кумак ба Хадамоти марзбонӣ дар сарҳади Лаҳистон бо Беларус ҷалб шуда аст.