4.9 C
Dushanbe

Латтукӯби сокини ноҳияи Муъминобод дар милисахона

Дар натиҷаи латтукӯби шадиди кормандони Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Муъминобод, як сокини ҳамин ноҳия дар бемористон бистарӣ шудааст.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, мақомот сокини ноҳияи Муъминобод Ҳикматулло Наҷотовро барои ҷалби писараш ба артиш ба Шуъбаи корҳои дохилии ин ноҳия даъват кардаанд.

Ба гуфтаи шоҳидон, кормандони пулис ӯро шадидан латтукӯб кардаанд, то писарашро барои рафтан бар артиш ҳозир кунад. Аммо дар ШВКД-и ноҳия иддао доранд, ки ӯ “худаш афтодааст”.

Гуфта мешавад, ин ҳодиса рӯзи 4-уми ноябр рух дода, Ҳикматулло Наҷотов ҳоло ҳам дар бемористони ноҳиявӣ бистарист. Пизишкон тасдиқ карданд, ки дар бадани ӯ осори зарб дида мешавад, вале ҳолаташ муътадил аст.

Дар ҳамин ҳол, наздикони Наҷотов дар суҳбат бо Радиои Озодӣ бистарӣ шудани ӯ дар беморхонаро тасдиқ карданд, вале аз гуфтани ҷузъиёти ҳодиса худдорӣ карда, танҳо гуфтаанд, ки “мақомоти тамоми ҷумҳурӣ аз қазия огоҳ ҳастанд”.

Инчунин як манбаъ аз Додситонии вилояти Хатлон гуфтааст, ки воқеан ин мардро барои писараш ба бинои ШВКД даъват карда будаанд.

Ҳоло додситонӣ ҳодисаро тафтиш доранд. Рафтанд, ҳамроҳаш суҳбат карданд, аз ташхис гузарониданд, ки дар ҳақиқат аз сараш осеб дидааст. Ӯ дар ҳузури муфаттишон гуфтааст, ки 14 рӯз ӯро дар ШВКД манъ кардаанд. Аммо дар пурсиш кормандон инро рад карда, гуфтанд, ки ӯ афтидааст. Ҳоло ҳамаи ҳолатҳо, ҳатто шиканҷа шудани ӯ тафтиш шуда истодааст,”-гуфтааст манбаъ ба Радиои Озодӣ.

Аммо раиси ноҳияи Муъминобод Лутфия Шарифзода, 14 рӯз боздошт шудани Наҷотовро рад кардааст.

Ба гуфтаи Шарифзода, онҳо сокинони ноҳияро ташвиқ доранд, то фарзандонашро аз Русия даъват кунанд, ки рафта хидмати ҳарбиро анҷом диҳанд. Шарифзода афзуда, ки ба писари Ҳикматулло низ даъватнома дода буданд, аммо ӯ ҳозир нашуд ва милиса барои шарҳ падарашро даъват кардааст.

“Ба ман сардори милиса гуфт, ки Ҳикматулло ҳангоми ҳоҷатхона рафтан афтода, осеб бародоштааст”,-гуфтааст раиси ноҳияи Муъминобод.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, як рӯз пас аз ин ҳодиса писари Наҷотов ба Кӯлоб баргаштааст, вале ӯро ба комиссариати ҳарбии ноҳияи Ҳамадонӣ бурда, ба артиш гусел кардаанд. Маълум нест, ки чаро ӯро на аз зодгоҳ, балки аз дигар ноҳия ба артиш фиристодаанд.

Бояд қайд кард, ки чанд соли охир ва баъд аз зиёд шудани наворҳои сарбозшикор мақомот барои ҷалби ҷавонон ба артиш аз шеваҳои нав кор гирифта истодаанд, аз ҷумла фишор ба волидайн, қатъ кардани барқи хонаҳо, бастани масҷидҳо ва ғайра.

Чанде пеш як манбаъ, аз ноҳияи Ҷайҳун, ки нахост ном ва номи деҳааш зикр шавад, дар суҳбат ба Azda tv гуфта буд, ки рӯзи 5-уми ноябр раиси маҳалла ҳамаро ба масҷид даъват карда, пас аз намози шом дар ҳол кормандони амният дарҳои масҷидро бастанд, ки касе берун наравад, тақрибан 4 соат бо мардум суҳбат карданд ва касеро берун рафтан нагузоштанд.

Ба гуфтаи манбаи мо, талаби асосии мақомот аз мардум ин буда, ки фарзандҳоятонро аз Русия даъват кунед барои хидмати ҳарбӣ ва дар акси ҳол масҷидро мебандем ва инчунин шуморо ҳам ҷарима ва ҳам зиндонӣ шудан интизор хоҳад буд. Вале, манбаъ афзуд, дар ниҳоят ҳам 4 нафарро ба артиш бурданд ва ҳам масҷидро бастанд, ки шумо ду сарбози дигар наовардед.

Як манбаи дигар низ аз ноҳияи Ёвон ҳолати мушобеҳро ба Azda.tv нақл карда буд.

Инчунин ин манбаъ аз ноҳияи Ёвон гуфта буд, ки ҳар як имоми масҷид ва раиси маҳалла вазифадор шудааст, ки дар мавсими даъват ба артиш чанд ҷавонписарро, ки хидмати ҳарбӣ нарафтааст, ёфта, бурда ба мақомот супоранд. Агар чунин накунанд шахсан худашон ҷарима мешаванд ва масҷидашон баста мешавад.

Дар баъзе ноҳияҳои кишвар, мақомот барқи хонаҳоро қатъ карда буданд ва ҳатто волидайни ҷавононро дар милисахонаҳо нигоҳ дошта буданд, то фарзандонашонро ба хидмат фиристанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Таксиҳои Тоҷикистон нав мешаванд

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар додааст, ки тамоми ширкатҳое, ки дар пойтахт ба хидматрасонии таксӣ машғул ҳастанд, бояд ба мошинҳои барқӣ гузаранд.

Сармоягузории $270 миллиони Чин ба “Роғун”

Бино ба гузорише Бонки сармоягузории зерсохтории Осиё (AIIB) барои бунёди Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” 270 миллион доллар маблағгузорӣ мекунад.

Омодагии мақомоти тоҷик ба нишастҳои матбуотӣ

Ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти вазорату идораҳои Тоҷикистон барои соли 2024 аз 27-уми январи соли ҷорӣ оғоз мегардад.

Даргузашти як маҳбуси сиёсии дигар дар зиндон

Шаби 12 ба 13-уми январи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе маҳбуси сиёсӣ ва фаъоли зодаи Бадахшон Қулмамад Паллаев дар дохили зиндон даргузашт.