Мақомот модари Фарҳод Одинаевро ҳам аз барқ маҳрум карданд

Кормандони идораи барқи шаҳри Ҳисор барқи хонаи модари фаъоли тоҷик Фарҳод Одинаевро ҳам қатъ кардаанд.

Бино ба иттилои Фарҳод Одинаев, чор рӯз пеш кормандони пулис ва идораи барқ ба хонаи модараш ба деҳаи Турдибобои шаҳри Ҳисор рафта, сими барқро буридаанд ва чанд рӯз мешавад модараш аз барқ маҳрум аст.

Ин фаъоли тоҷик дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ин амалаи мақомотро маҳкум карда, гуфтааст, ки “мо вақте аз мушкилиҳо гап мезанем, мақомот ба ҷойи ҳалли мушкил, хешу табори моро боздошт карда мебаранд. Ҳоло боз шеваи дигарро дар пеш гирифтаанд ва пайвандони моро аз истифодаи барқ маҳрум мекунанд. Ин амали номатлубро маҳкум ва аз мақомот даъват мекунем, ки ба ин фишору таъқиб поён диҳанд”.

Гуфта мешавад, дар чанд рӯзи охир ин шикояти якуми наздикони мухолифон дар бораи буридани барқи хонаҳояшон нест, ки расонаӣ мешавад.

Пештар аз ин, кормандони идораи барқи ноҳияи Фархор барқи хонаи Ойишамо Абдуллоева модари Шарофиддин Гадоев, яке аз раҳбарони Паймони миллии Тоҷикистонро қатъ карда буданд.

Ойишамо Абдуллоева, ки бемории қанд дорад гуфта буд, бо вуҷуди он ки пули барқро ҳар моҳ пардохт мекунад ва аз он қарздор нест, вале кормандони барқ далели қатъи онро ба қарздор будану набудан марбут надониста, фақат ҳаминро гуфтанд, ки “писаратон дар Олмон баромад карда, президентро танқид кардааст, фармон аз боло аст.“

Инчунин Ойиша Мирзоева, модарандари раиси “Гурӯҳи 24” Суҳроби Зафар ва хоҳари генерали зиндонӣ Ғаффор Мирзоев ҳам гуфта буд, мақомот сими барқи хонаашро буридаанд.

Сардори Шуъбаи барқи ноҳия сабаби буридани барқи хонаи Мирзоеваро ба фармони боло рабт дода, гуфтанд, ки “агар норозӣ ҳастӣ, худат рафта муроҷиат кун”.

Ҳамзамон як намояндаи дигари мухолифин ҳам ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки хонаводаи ӯро дар вилояти Хатлон аз истифодаи барқ маҳрум карданд.

То ҳол мақомот расман сабаби буридани сими барқи хонаи наздикони мухолифонро шарҳ надодаанд.

Аммо ба гуфтаи огаҳони умур, ин ҳама фишорҳо болои пайвандони мухолифон посухи мақомот ба эътирози онҳо ва бо тухм задани мошини Эмомалӣ Раҳмон дар Берлин аст.

Ёдовар мешавем, ки мухолифини ҳукумати кишвар алайҳи сафари Раҳмон ба Олмон дар торихи 28-29-уми сентябри соли ҷорӣ гирдиҳамоии эътирозӣ ташкил карданд. Дар ин эътирозҳо рӯзи 29-уми сентябр ҷавонони “Гурӯҳи 24” ба мошини ҳомили Эмомалӣ тухм партоб карданд.

Пас аз ин ҳодиса мақомоти амниятии кишвар наздикону пайвандони мухолифон, ҳатто падару модарони пири онҳоро дар дохили кишвар боздошту бозпурсӣ карданд. Бархе онҳоро то ду се рӯз дар боздоштгоҳҳо нигоҳ доштанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тоҷикистон барои воридоти 100 ҳазор тонна дизели иловагӣ бо Русия мувофиқа кард

Тоҷикистон бо Русия барои афзоиши квотаи воридоти бебоҷи сӯзишвории дизелӣ дар соли 2026 ба мувофиқа расидааст.

Амрико як шаҳрванди Тоҷикистонро барои кумак ба хариди силоҳ барои Эрон таҳрим кард

Департаменти давлатии ИМА рӯзи 4-уми ноябр алайҳи се шахс ва чанд ширкат таҳрим ҷорӣ кард, ки дар миёни онҳо як шаҳрванди Тоҷикистон низ ҳаст.

Тайсон ва Ҳолифилд дар Душанбе: пушти даъвати ситораҳои дунё чӣ ҳадафе ҳаст?

Шоми рӯзи 5-уми ноябр дар Душанбе ҳамоише бо ҳузури чеҳраҳои саршиноси ҷаҳон дар риштаҳои гуногун баргузор шуд.

Созмонҳо аз Олмон хостанд, ки Саидтаиб Саидмамудовро ихроҷ накунад

Ҳаракати сиёсии "Гурӯҳи 24" аз мақомоти Олмон даъват кардааст, ки аз ихроҷи Саидтаиб Саидмамудов, ҷонибдори ин ҳаракат ва намояндаи ҷомеаи помириҳо ба Тоҷикистон пешгирӣ кунанд.