Мақомоти тоҷик аз “ифротӣ” шудани ҷавонон нигаронанд

Ҳукумати Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки омори пайвастани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ тариқи интернет ба гунаи нигаронкунанда афзоиш ёфтааст.

Тавре бахши англисии Радиои Озодӣ хабар медиҳад, барои пешгирии ҷавонон аз пайвастан ба гурӯҳҳои ифротӣ, дар вилояти Хатлон мақомот маъракаи “Хона ба хона”-ро пеш гирифта, зиёда аз 1800 корманди мақомоти қудратӣ ва ниҳодҳои мухталиф эъзом шудаанд.

Гуфта мешавад, мақомот дари ҳар хона рафта, бо хонаводаҳо суҳбат мекунанд ва бо онҳо “фаҳмондадиҳӣ” мегузаронанд. Аз ҷумла, аз хатароти пайвастани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротии интернетӣ онҳоро ҳушдор медиҳанд.

Як сокини вилояти Хатлон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, ки мақомот аз мардум хостаанд, ба хешовандони худ, ки дар Русия кор мекунанд, бирасонанд, ки аз даъваткунандагони эҳтимолӣ ба созмонҳои террористӣ ҳазар кунанд.

Мақомот гуфтаанд, аксари ҷавононе, ки дар гузашта ба гурӯҳҳои ифротии динӣ, аз ҷумла ДИИШ ва ғайра пайвастаанд, аксарашон дар Русия муҳоҷир буданд. Онҳо тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ бо ин гурӯҳҳо ошно шуданд ва баъдан ҳамроҳ гаштанд.

Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон дар моҳи августи соли ҷорӣ зимни нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон гуфта буд, “Маълумоте, ки мо аз мақомоти интизомӣ мегирем, нигаронкунанда аст. Дар вилояти мо теъдоди ҷавонони ба гурӯҳҳои ифротии динӣ пайвастан хеле зиёд аст.” Аммо ӯ омори дақиқеро пешниҳод накард.

Вай гуфта буд, ки барои пешгирӣ аз пайвастани ҷавонон ба гурӯҳҳои тундгаро дастаҳои кории махсусеро аз кормандони ҳукумат, мақомоти интизомӣ, вакилони шӯрои маҳаллӣ, муаллимон ва табибон омода мекунанд ва барои онҳо курсҳои махсус мегузаранд то тавонанд бо мардум масъаларо хуб фаҳмонанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки давоми як соли ахир дар чандин амалиёти террористӣ, аз ҷумла дар кишварҳои Эрон, Русия, Туркия ва Афғонистон гунаҳкорони аслӣ шаҳрвандони Тоҷикистон гуфта мешавад. Ва ахиран мақомоти Толибон низ чанд наворе пахш кард, ки дар онҳо ҷавонони тоҷики аъзои ДИИШ боздошт шудаанд ва иқрор мешаванд, ки тариқи интернет ба ин гурӯҳ пайвастаанд.

Аммо мунтақидони Ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон бар ин назаранд, ки бастани мадрасаҳои расмӣ аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон, мамнуъ кардани вуруди ҷавонони то 18-сола ба масҷид, манъи ҳиҷобу риш ва дигар фишорҳо болои диндорон ва сокинони кишвар сабаб шуда, ки ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ бештар рӯ биёранд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қоидаи нави вуруд ба Қазоқистон: QazETA барои шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳатмӣ мешавад

Қазоқистон аз тобистони соли 2027 барои аксари шаҳрвандони хориҷӣ иҷозатномаи электронии вуруд (QazETA)-ро ҳатмӣ мекунад.

Олмон аз сарнавишти Асадулло Бобоев хабар надорад

Чаҳор моҳ пас аз истирдоди Асадулло Бобоев аз Олмон, ҳукумати ин кишвар дар посух ба дархости вакилон гуфтааст, ки дар бораи боздошт ва парвандаи ҷиноятии ӯ дар Тоҷикистон маълумот надорад.

Русия квотаи иқомати муваққатии хориҷиён (РВП)-ро боз кам кард

Ҳукумати Русия квотаи иҷозаи иқомати муваққатӣ барои шаҳрвандони хориҷиро дар соли 2027 то 3010 адад коҳиш дод, ки ин нисбат ба соли ҷорӣ 792 адад, ё тақрибан 21 дарсад камтар аст.

Даромади буҷети Тоҷикистон барои соли 2027 муайян шуд

Ҳукумати Тоҷикистон даромади буҷети соли 2027-ро 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ кардааст, ки он 23,2 дарсад бештар аз буҷети тасдиқшудаи имсол мебошад.