Маҳдудияти нав дар зиндонҳои Тоҷикистон

Бо қарори нави Раёсати зиндонҳои Тоҷикистон, аз ин ба баъд маҳбусон дар 10 рӯз 1 маротиба ҳақ доранд бо наздиконашон суҳбати телефонӣ анҷом диҳанд.

Ҳуқуқшиносон ин қарори Раёсати зиндонҳои Тоҷикистонро маҳдуд кардани муоширати одамон медонанд, ки амалӣ ғайриқонунист.

Як корманди зиндон бо шарти ифшо нашудани номаш ба Аздо тв хабар дод, ки дар яке аз зиндонҳои Тоҷикистон маъмурони он маҳбусонро ҷамъ намуда, ба онҳо гуфтаанд, ки аз ин ба баъд танҳо дар 10 рӯз як маротиба ҳақ доранд, ки бо хонаводаҳояшон суҳбати телефонӣ анҷом диҳанд.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати Аздо тв, ин тасмими раёсати зиндонҳои кишвар пас аз расонаӣ шудани амалҳои ғайриқонунӣ ва ҷиноятҳои кормандони маҳбас гирифта шудааст.

Ин дар ҳолест, ки то имрӯз маҳбусон ҳақ доштанд бо хонаводаҳои худ дар як ҳафта чанд маротиба телефонӣ суҳбат дошта бошанд.

Ба назари ҳукуқшиносон тибқи қонуну қарорҳои маҳбас, маҳбус ҳаққи муошират бо наздиконашро дорад ва ин қарори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон поймол намудани ҳуқуқи маҳбус аст. Ва прокуроре, ки масъули тафтиши зиндонҳост, бояд нисбати кормандони СРИҶҶ, барои поймол намудани ҳуқуқи маҳбусон парванда боз намуда, онҳоро ба ҷавобгарӣ кашад.

Ин қарор баъд аз оне гирифта мешавад, ки хабари мавриди муҷозот қарор гирифтан ва ба “Карсер” ҷо намудани Зубайдуллоҳи Розиқ ва Раҳматуллоҳи Раҷаб, ду узви зиндонии Раёсати олии ҲНИТ пас аз навиштани номаи кушод ба Эмомалӣ Раҳмон дар расонаҳо нашр шуд.

Таҳлилгарон мегӯянд, чунин амалкарди мақомоти зиндонҳои Тоҷикистон гувоҳи он аст, ки хабарҳое, ки пештар аз дохили зиндон бо ҳар роҳе ба расонаҳо роҳ меёфт, ҳақиқат доштаанд ва имрӯз мақомот мехоҳанд пеши роҳи инро бигиранд.

Пештар дар расонаҳо чандин хабар аз вазъияти бади маҳбусон дар дохили зиндонҳои Тоҷикистон нашр шуд, ки мақомот ҳақиқат доштани онҳоро рад мекарданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қирғизистон 170 хонаи аз Тоҷикистон гирифтаашро ба сокинон тақсим мекунад

Қирғизистон 170 хонаеро, ки аз Тоҷикистон гирифта буд, ба сокинонаш тақсим мекунанд.

Ҳукми абади ду нафар барои қатли Маннон Содиқов

Додгоҳи вилояти Суғд ду сокини шаҳри Исфараро бо иттиҳоми қатли узви пешини ҲНИТ ба ҳабси умрбод маҳкум кард.

Ҳамла ба полойишгоҳи бузурги Русия дар пасманзари камбуди сӯзишворӣ дар Тоҷикистон

Бузургтарин полойишгоҳҳои Русия дар шаҳри Киришии вилояти Ленинград мавриди ҳамлаи паҳподӣ қарор гирифта, дар он оташсӯзӣ рух дод.

Дар Самара пардохтҳои муҳоҷирон зиёд мешавад: акнун барои фарзандон ҳам маблағ месупоранд

Думаи вилояти Самараи Русия тағйиротеро қабул кардааст, ки аз соли 2027 афзоиши пардохтҳои муҳоҷирон ва пардохти иловагӣ барои фарзандони ҳамроҳашонро пешбинӣ мекунад.