24.5 C
Dushanbe

Дар мавриди боздошти Аловатшоев кӣ рост мегӯяд, ВКД ё Додситони кул?

Мақомоти тоҷик имрӯз, 2-юми феврал расман тасдиқ карданд, ки Аловатшоев Амриддин, яке аз чеҳраҳои шинохтаи мардуми Бадахшон аз Маскав ба Душанбе истирдод шудааст. Аммо дар мавриди тарзи боздошти ӯ ВКД як чиз мегӯяд ва Додситонии кулли кишвар дигар чиз.

Ин дар ҳолест, ки баъд аз нопадид шудани Аловатшоев Амриддин аз Маскав дар авоили моҳи январ пайвандон ва наздиконаш мегуфтанд, ки ӯ ба Тоҷикистон истирдод шудааст, аммо мақомот ҳамеша онро рад мекард ва ё изҳори бехабарӣ менамуд.

Ин нуктаро рӯзи чоршанбе Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон дар нишасти матбуотии ниҳодаш иброз дошт. Ба гуфтаи ӯ, Аловатшоев аз соли 2018 дар пайгард қарор дошт ва бо дархости ҷониби Тоҷикистон боздошт ва истирдод шуд, аммо ӯ нагуфт, ки бар зидди Аловатшоев бар асоси кадом моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда боз шудааст.

Дар ҳамин ҳол Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон низ имрӯз бо хабарнигорон нишасти матбуотӣ дошт, ӯ гуфт, ки Аловатшоев Амриддин бо дархости ҷониби Тоҷикистон боздошт ва Душанбе истирдод нашудааст, балки худи ӯ “аз Русия баргашт ва мо ӯро дастгир кардем, чунки нисбати ӯ барои ташкили гирдиҳамоӣ дар шаҳри Хоруғ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда буд.”

Юсуф Раҳмон, Додситони кулли Тоҷикистон мегӯяд, нисбати Аловатшоев аз пеш парванда оғоз шуда буд ва дар пайгард қарор дошту бо дархости Тоҷикистон боздошт ва истирдод шудааст, аммо Рамазон Раҳимзода гуфтаҳои ӯро рад мекунад ва мегӯяд, ӯ дар пайгард қарор надошт, худи ӯ ба кишвар баргашт ва баъдан боздошт шуд. Инҷо кӣ ҳақиқатро мегӯяд номаълум аст.

Боздошт ва истирдоди зодагони Бадахшон аз Русия ба Душанбе баъд аз гирдиҳамоии мардум дар назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав охирҳои моҳи ноябр, ки барои таҳқиқи мунсифонаи ҷинояти қатли бераҳмонаи Гулбуиддин Зиёбеков аз тарафи маъмурони интизомӣ эътироз карда буданд, оғоз шуд. То имрӯз дасти кам мақомоти тоҷик дар ҳамдастӣ бо мақомоти Русия 3-4 нафар аз чеҳраҳои шинохтаи ВМКБ, ба монанди варзишгар Чоршанбе Чоршанбиев ва Амриддин Аловатшоевро боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод кардаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Курсҳои ройгони омодагӣ ба имтиҳони забони русӣ барои муҳоҷирони корӣ

Дар Душанбе барои шаҳрвандоне, ки барои кор ба Русия...

ҲНИТ калимаи “ҳизб”-ро аз номаш гирифт

Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) бо нашри баёнияе эълон кард, ки аз номаш калимаи "ҳизб"-ро бардоштааст.

Додситони ноҳияи Балҷувон пас аз тафтиши дохилӣ аз мақом барканор шуд

Мурод Муқимзода, додситони ноҳияи Балҷувон, пас аз тақрибан як соли фаъолият аз вазифааш барканор шудааст.

Шаҳрванди Афғонистон дар Ваҳдат бо гумони куштани падараш боздошт шуд

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти як шаҳрванди 25-солаи Афғонистон бо гумони куштани падараш дар шаҳри Ваҳдат хабар дод.