Мақомот Абдуллоҳи Ғурбатиро ба узвият дар ҲНИТ муттаҳм кард

Мақомоти интизомии Тоҷикистон рӯзноманигор Абдуллоҳ Ғурбатиро, ки 15-уми июни соли ҷорӣ боздошт карда буд, ба узвият дар Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон муттаҳм кард.

Аммо масъулини ҲНИТ дар хориҷ аз кишвар ин иттиҳоми мақомотро рад карда, гуфтанд, ки Абдуллоҳи Ғурбатӣ  ҳаргиз на узви ин ҳизб буду на ҷонибдори он.

Ба иттилои Радиои Озодӣ, Шодӣ Ҳафиззода, сардори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ, рӯзи 19-уми июл дар нишасти хабарии ин ниҳод гуфт, ки “Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба узвият дар Ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ гумонбар дониста мешавад.”

Аммо сухангӯи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Бобоҷон Қаюмов дар суҳбат бо Azda tv ҳамкории Абдуллоҳи Ғурбатиро бо ин ҳизб қатъиян рад карда гуфт, ки ҳатто худи онҳое, ки ин туҳматро бар рӯзноманигорон бор кардаанд, хуб медонанд, ки онҳо ба ҲНИТ рабте надоранд. Аммо ба гуфтаи ӯ, дар ин авохир мақомот ҳар фаъоли ҷомеаи маданиро, ки боздошт кард ва иттиҳоме барояш пайдо накард, “ӯро ба наҳзатӣ будан муттаҳам мекунад.”

Сухангӯи ҲНИТ дар идома афзуд:

“Ҳам Завқибек Саидаминӣ, ҳам Абдусаттори Пирмуҳаммадзода ва ҳам Абдуллоҳ Ғурбативу Далерӣ Имомалӣ ҳеч кадом ба Наҳзат камтарин робитае надоранд ва ҳечгоҳ онҳо на узви Наҳзат буданд ва на аз ҷонибдорони Наҳзати исломии Тоҷикистон. Онҳо фақат озодихоҳе буданд, ки барои ҳуқуқҳои мардум, барои иттилоърасонии дурусту озод фаъолият доштанд.”

Ба гуфтаи Бобоҷон Қаюмов, ягона нуқтаи муштарак байни он рӯзноманигороне, ки дар “ҳамкорӣ бо ҲНИТ” муттаҳм мешаванд, дар озодихоҳии онҳо аст.

“Ва агар дуруст нигоҳ кунем, амалан мақомоти Тоҷикистон имрӯзҳо ба гунае амал мекунанд, ки ҳар як озодихоҳ наҳзатӣ аст барои онҳо. Яъне, имрӯз наҳзатӣ будан баробар шудааст ба озодихоҳ будан. Ва мухолиф будан ба сиёсатҳои зӯргӯёна ва сиёсатҳои хушунатбори Ҳукумат меъёри наҳзатӣ будан шудааст. Вагарна ҳама медонанд, ки онҳое, ки ба наҳзатӣ будан муттаҳам мешаванд, рабте ба ин ҳизб надоранд.”, мегӯяд сухангӯи ҲНИТ дар тамос бо Azda tv.

Мақомот Абдуллоҳ Ғурбатиро дар рӯзҳои аввали боздошташ ба он муттаҳам карданд, ки гӯё ӯ як корманди милисаро дар бинои ШВКД Шоҳмансур-1 “лату кӯб” кардааст. Аммо Абдураҳмон Шарипов, вакили дифои ӯ гуфта буд, ки худи Ғурбатӣ рӯзи боздошташ ва рӯзи мурофиа ин иттиҳомро рад кардааст.

Чандест мақомоти Тоҷикистон боздошти рӯзноманигорон ва фаъолони ҷомеаи маданиро шиддат бахшидааст. Давоми чанд моҳи ахир 7 рӯзноманигору блогер ва фаъолони ҷомеа дар кишвар боздошт ва бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ гунаҳкор эълон шуданд.

Пас аз боздошти рӯзноманигорон ва фаъолони маданӣ, созмонҳои рӯзноманигорӣ ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар аз ҳукумати Тоҷикистон хоста буданд, ки Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ва дигаронро фавран озод кунад. Аммо мақомот баракси талаботи созмонҳои ҳуқуқӣ, нисбати онҳо парвандаҳои дигаре илома кард.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Роналду ба корномаи 23-солаи худ дар тими миллии Португалия нуқта гузошт

"Агар ягон голи ман боиси шодии шумо шуда бошад, пас ҳама заҳматҳо арзанда буданд". Бо ин суханон Криштиану Роналду 5-уми ноябр аз тими миллии Португалия видоъ кард.

Боздошти гурӯҳе, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.

Тоҷикистон барои воридоти 100 ҳазор тонна дизели иловагӣ бо Русия мувофиқа кард

Тоҷикистон бо Русия барои афзоиши квотаи воридоти бебоҷи сӯзишвории дизелӣ дар соли 2026 ба мувофиқа расидааст.