Мақомот аз Зайд Саидов мехоҳанд аз Президент бахшиш пурсад

Зайд Саидов

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 30-юми октябри соли ҷорӣ, баъд аз 5-ум бора ба сари қудрат омаданаш, 378 зиндоние, ки ба гуноҳи худ эътироф намудаву изҳори пушаймонӣ карданд, бахшид, ки баъд аз бахшиши раисҷумҳур бояд аз зиндон раҳо бишаванд.

Дар рӯйхати авфшудаҳо номи зиндониёни сиёсӣ, аз ҷумла Бузургмеҳр Ёров, Зайд Саид ва зиндониёни ҲНИТ нестанд. Чун се шарти асосии ворид шудан ба рӯйхати шахсоне, ки мавриди авфи Президент қарор мегиранд, ин “иқрор ба гуноҳ, пушаймонӣ ва талаби бахшиш аз президент аст”, ки онҳо қабул накардаанд чун худро бегуноҳ медонанд. Ва сабаби зиндонӣ шуданашонро ба фаъолиятҳои сиёсӣ ва ҳуқуқияшон рабт медиҳанд.

Аз ҷумла Зайд Саидов, соҳибкори зиндонии тоҷик талаби мақомотро барои “эътирофи гуноҳ” ва “дархости бахшиш” рад кардааст. Дар ин бора яке аз наздикони Зайд Саидов ба Радиои Озодӣ хабар дод. Ба гуфтаи пайвандони ин зиндонии сиёсӣ:

“Ба назди он кас (манзур Зайд Саидов) омада, гуфтаанд, ки ба президент мактуб навишта ва аз гуноҳҳои кардааш пушаймонӣ ва бахшиш талаб кунад. Вале он кас гуфтаанд, бегуноҳанд ва ин туҳматҳои дар ҳаққашон гуфтаро қабул намекунанд”

Аммо мақомот то ҳол дар ин бора изҳори назар накардааст. Ба навиштаи Радиои Озодӣ хабарнигорон дар Тоҷикистон ба дохили зиндонҳо дастрасӣ надоранд ва дар идораи зиндонҳо ба зангҳои онҳо ҷавоб надодаанд.

Дар сӯҳбат ба “Аздо ТВ” яке аз пайвандони Зайд Саидов ин гуфтаҳоро тасдиқ кард ва гуфт, ки навиштани дархости бахшиш аз президент баъд аз интихоботи рӯзи 11-уми октябр сурат гирифтааст ва ба Зайд Саидов ваъда додаанд, ки агар ӯ аз президент талаби бахшиш кунад, ӯро аз зиндон озод мекунанд. Вале Зайд Саидов аз ин кор худдорӣ кардааст, чун худро бегуноҳ мешуморад.

Пештар аз ин Ҷамшед Ёров бародари Бузургмеҳр Ёров хабар дода буд, ки ба назди вакили дифои шинохта аз мақомот омада хоста буданд, ки ба президент мактуб навишта талаби бахшиш кунад. Вале Бузургмеҳр Ёров ин талабро рад карда, ба бегуноҳиаш таъкид кардааст.

Зайд Саидов соҳибкори зиндонии тоҷик соли 2013 баъд аз эълони кушодани ҳизби наве бо номи “Тоҷикистони нав” боздошт ва бо иттиҳомоте, чун суистифода аз мақом, бисёрзанӣ ва ришвагирӣ ба 29 соли зиндон маҳкум шуд. Зайд Саидов ва тарафдоронаш ҳукми ӯро сиёсӣ меноманд.

4-уми апрели соли 2018 СММ боздошти ӯро сиёсӣ ва ғайриқонунӣ донист ва аз ҳукумати Тоҷикистон хост фавран Зайд Саидовро озод намуда тавони зарари моддиро ба ӯ пардозад. Вале ҳукумати ҶТ дархости СММ-ро нодида мегирад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вашингтон фишори иқтисодӣ бар Эронро шадидтар мекунад

Амрико ҳамзамон аз омодагии худ барои ҷорӣ кардани сахттарин таҳримҳо алайҳи Теҳрон хабар дод.

Духтараки гумшуда пайдо шуд: ҷузъиёти нави ВКД дар ин бора

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки Мадамонзода Фарида, сокини 12-солаи шаҳри Душанбе, ки чанд рӯз боз бедарак буд, пайдо шудааст.

Як фармондеҳи Ҷабҳаи муқовимати Афғонистон кушта шуд

Яке аз фармондеҳони маъруфи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, Ҳасиб Панҷшерӣ, рӯзи 20-уми августи соли 2026 дар ҷараёни як даргирӣ бо нерӯҳои ҳукумати Толибон кушта шуд.

СММ ва Афви Байналмилал аз Толибон хостанд таркиши Кобул таҳқиқ шавад

СММ аз мақомоти Афғонистон хост, ки таркиши рӯзи 17-уми август дар ғарби Кобулро ҳамаҷониба ва бетарафона таҳқиқ кунанд.