Мақомот бо баҳонаи интихобот асноди шахсии мардумро тафтиш намуда, ҷарима мебанданд

Акс аз саҳифаи 

Як корбари фейсбук бо номи Хасапалаев Дима дар гурӯҳи “АХБОРИ ТОҶИКИСТОН ВА ҶАҲОН” навишта, ки дар имрӯз дар ноҳияи Шаҳритӯс кормандони мақомот бо хона ба хона гашта аз мардум бо баҳонаи интихобот асноди тамоми аъзои хонавода аз хурд то бузургро талаб доранд. Аз сокинон мехостаанд, ки зери санаде имзо гузаронанд, ки ба қавли Хасапалаев Дима намедонад он чист ва барои чӣ имзо гузоранд.

Ин корбар мегӯяд, зери он санад имзо нагузоштааст ва кормандони мақомот ҳуҷҷатҳои ӯро бо худ бурда ва гуфтаанд, ки имзои ту муҳим нест, ҳоло худат давида давида назди мо меоӣ. Ба гуфтаи ин сокини ноҳияи Шаҳритӯс сокинонро барои кадом корашон бозҷӯӣ доранд ва чаро ҷарима мебанданд, намедонанд.

Хаспалаев Дима
ИМРУЗ САНАИ 15.09.2020 ДАР НОХИЯИ ШАХРИТУЗ Ч/Д Х.ХОЛМАТОВИ ДЕХАИ КУМШОХ ЯКЕ САРДОРИ НОЗИРИ МИНТАКАВИ МУАРИФИ КАРД ХУДАШОНРО.КИ МОШИНИ ТАЁТА КАМРИ САФЕД 2030….01 НАВБАРОМАД БУД ХОНА БА ХОНА…

ИМРУЗ САНАИ 15.09.2020 ДАР НОХИЯИ ШАХРИТУЗ Ч/Д Х.ХОЛМАТОВИ ДЕХАИ КУМШОХ ЯКЕ САРДОРИ НОЗИРИ МИНТАКАВИ МУАРИФИ КАРД ХУДАШОНРО.КИ МОШИНИ ТАЁТА КАМРИ САФЕД 2030….01 НАВБАРОМАД БУД ХОНА БА ХОНА ГАШТАБУДАНД БА ХОНАИ МОХАМ ОМАДАНД ГУФТАНД КИ БАРОИ ИНТИХОБОТ ХУЧАТХОРО ТАФТИШ КАРДА ИСТОДАЕМ ВАТАЛАБ ХУЧАТХОИ АЗ КУДАКИ ХУРДСОЛ ТО КАЛОНРО БИЁРЕМ ОВАРДЕМ КИ ХУЧАТИ ХОНАРО ПУРСИДАНД (ХУЧАТИ ХОНА БА ИНТИХОБОТ ЧИ ДАХЛ ДОРАД ) БОЗ ГУФТАНД КИ ОНХО БО ФАРМОНИ ПРИЗИДЕНТ ГАШТА ИСТОДААНД КОПИИ ПАСПОРТИ МАРО ГИРИФТАНДУ ДАР ЯК ХУЧАТИ СУРХ КУЧОНИДАНД БАД ИМЗО МОН ГУФТ РУИ ХУЧАТРО МАХКАМ КАРДА БУД КУШОДА ДИДАМ ПРОТОКОЛ БАРОИ ЧАРИМА ХУЛАС ИМЗО НАМОНДАМ НАМЕМОНАМ ГУФТАМ .
ХУЧАТРО ГИРИФТАНДУ ИМЗОИ ТУ АХ ДАРКОР НЕСТ БАРОИ МО ГУФТАНД.ПАГОХ ДАВИДА ДАВИДА ПЕШАМ МЕОИ ГУФТУ БАРОМАДА РАФТ ХУЛАС БААТАР ФАХМАМ 8 КАС АЗ ГИРДУ АТРОФАМОНРО ХАМИНХЕЛ ПРОТОКОЛ КАДИЯНД.ЧИ КОР КУНЕМ ОЁ ОНХО ИНТИХОБОТ ГУФТА МОРО ПРОТОКОЛ КАРДАН ХАК ДОРАНД ?

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Раҳмон барои иштирок дар ҳамоише ба Озарбойҷон рафт

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон рӯзи 14-уми октябри соли ҷорӣ ба шаҳри Бокуи Озарбойҷон сафар кард.

Як ронандаи таксии шаҳрванди Тоҷикистон дар Лаҳистон ба куштор гумонбар аст

Як шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар садамаи маргбор дар гузаргоҳи пиёдагардон дар Варшава гумонбар дониста мешавад, пас аз марги ҷабрдида Лаҳистонро тарк кардааст.

Сафари аввалини Рубио ба Осиёи Марказӣ: Тоҷикистон аз ин сафар чӣ интизор дорад?

Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳида Марко Рубио нимаи дуюми моҳи октябр сафари хориҷии худро ба Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон анҷом медиҳад.

Михаил Галустян узр пурсид, аммо узрхоҳии ӯ саволҳои навро ба миён овардааст

Ҳаҷвнигори арманитабор Михаил Галустян пас аз мавҷи интиқодҳо дар пайи сафараш ба Душанбе ба хотири нақшҳои қаблияш аз мардуми Тоҷикистон бахшиш пурсид.