Исфара: интиқоли мардум ба ҷойҳои амн

Мардуми мулкӣ ва мақомоти кишвар дар якҷоягӣ интиқоли сокинони манотиқи наздимарзӣ, ба хусус минтақаҳои низоъро шиддат бахшидаанд.

Имрӯз, 16-уми сентбяри соли 2022, аксу наворҳое аз шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба дасти Azda tv расидааст, ки нишон медиҳанд, мақомот ва мардум бо мошинҳои шахсӣ ва давлатӣ сокинонро ба ҷойҳои амн интиқол медиҳанд.

Дар ҷамъи ин наворҳоb ба дасти мо расида, дида мешавад, ки чанде аз ҳавлиҳои мардум мавриди оташ қарор гирифта, сӯхтори хонаҳо идома дорад ва сокинон аз тарси он ки худашон ҳам мавриди ҳамла қарор нагиранд, ба хомӯш кардани оташ намепардозанд.

дуди ғализе, ки пас аз ҳадаф қарор гирифтани тонк ба осмон мепечад

Инчунин гуфта мешавад, ки дар ин муноқишаҳои мусаллаҳона бархе аз техникаҳои вазнини низомӣ, аз он ҷумла тонкҳо ва зиреҳпӯшҳо низ ҳадафи ҳамла қарор гирифта, яке аз онҳоро бо тӯп аз байн мебаранд ва сипас дуди ғализе ба осмон мепечад.

Ҳамзамон дар бархе наворҳои дигар нишон дода мешавад, яке аз сокинони шаҳри Исфара мавриди ҳамла қарор гирифта, замингир шудаасту хунаш ҷорӣ мешавад, ва модараш болои сари ӯ бо фиғон мегӯяд: “ман гуфтам, бачам, рафта бачаҳакота гирифта шин, набуро кӯчаба, набуро!”

Акс аз манбаъҳои боз

Аз сӯи дигар дар бархе аз наворҳое, ки аз ҷониби Қириғизистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфтаанд, дида мешавад, ки онҳо ба минтақаҳои набард ирсоли техникаҳои вазинини низомиро афзоиш дода, сарбозону афсарони онҳо иддао мекунанд, ки як тонки нерӯҳои Тоҷикистонро мавриди ҳадаф қарор додаанд.

Гуфта мешавад, дар даргириҳои имрӯз то кунун аз захмӣ шудани 18 нафар аз ҷониби Қириғистон иттилоъ дода шудааст, аз тарафи Тоҷикистон ҳам аз захмӣ шудани чанд кӯдак ва кушта шудани дасти кам ду нафар, як сокини маҳаллӣ ва як сарбоз хабар медиҳанд, вале аз ҷониби мақомот расман ҳеч иттилое дар ин бора то ҳол нашр нашудааст.

Тайи чанд соли ахир марзҳои муштараки Тоҷикистону Қирғизистон дар вилояти Суғд, ба хусус шаҳри Исфара ва ноҳия Бобоҷон Ғафуров борҳо ба макони ҷанг байни нерӯҳои ҳар ду кишвар табдил шудаанд ва сокинони маҳаллӣ зарари бештар дидаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Китоби нави Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳизби ҳоким рӯнамоӣ шуд

Китоби нави Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони "Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва марҳилаҳои рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол" рӯнамоӣ шуд.

Путин қонунҳои нави зидди муҳоҷиронро имзо кард

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, бастаи қонунҳоеро имзо кард, ки қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар ин кишварро ба таври назаррас сахттар мекунанд. 

Дар Панҷакент маъракаи нави зидди “либоси бегона” баргузор шуд

Дар шаҳри Панҷакент рӯзи 4-уми август намояндагони Ҳизби Халқии...

Боздошти чанд хориҷӣ бо гумони ташкили фоҳишахона дар Душанбе

Пулиси Душанбе рӯзи 4-уми август аз боздошти як гурӯҳ шаҳрвандони хориҷӣ бо гумони ташкили фоҳишахона дар пойтахти Тоҷикистон хабар дод.