18.9 C
Dushanbe

Мақомоти Туркия дар робита бо паҳншавии коронавирус аз 29 апрел то 17 моҳи май дар кишвар як маҳдудияти комил ҷорӣ мекунад

“Азия Плюс” бо такя ба хабаргузории ТАСС навишта, ки дар ин бора рӯзи душанбе раиси ҷумхурии Туркия Раҷаб Тайиб Ардуғон дар поёни ҷаласаи ҳукумат хабар дод.

Тибки навиштаи “Азия Плюс” аз соати 19-00 27-апрел то соати 5-00 17-май қулфшикани пурра ҷорӣ карда мешавад. Ҳамаи идораҳо ва ҷойҳои корӣ ба истиснои ҷойҳое, ки вазорати умури дохила дар алоҳидагӣ мушаххас карда аст баста мешаванд.

Сафархои шаҳрӣ анҷом дода мешаванд бо иҷозаи ҳатмӣ, нақлиёти ҷамъиятӣ бо 50 дарсад бор кор мекунанд  гуфт у.

Ба гуфтаи Ардуғон ҳадафи ин тадбирҳо коҳиш додани бемории корновирус дар як рӯз то 5 ҳазор ҳолат мебошад.

Дар заминаи баста шудан, дарсҳо дар кӯдакистонҳо ва мактабҳо низ лағв карда мешаванд. Қисми дигари муассисаҳои таълимӣ ба шакли таълими дурдаст мегузаранд. Имтиҳонҳо ба таъхир гузошта мешаванд. Шароити коменданти шом ва шабона боқӣ хоҳад монд.

Меҳмонхонаҳо фармоишро қатъ мекунанд ва режими катъии карантинро ҷорӣ мекунанд. Ба ҳамин шакл маҳдудият дар Туркия то охири моҳи мубораки Рамазон идома хоҳад кард.

Қаблан мақомот дар ду ҳафтаи моҳи ҷорӣ маҳдудиятҳое қисман ҷорӣ карда буданд аммо онҳо вазъи коронавирусро ба таври назаррас ислоҳ карда натавонистанд. Дар рӯзҳои ахир афзоиши шумори ҳаррӯзаи беморон ба 40-50 хазор нафар расид.

Коронавирус бори аввал дар Туркия 10-моҳи марти соли гузашта дар як сокини маҳаллӣ, ки аз Аврупо баргашта буд ошкор шуд.

Шумораи умумии сироятёфтагон дар ин кишвар то имрӯз аз марзи 4,446 миллион гузашта аст. 36,975 нафар фавтидаанд ва 3,844 миллион беморон шифо ёфтаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Акнун туркнажодҳо метавонанд дар мақомҳои давлатии Туркия кор кунанд

Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдўғон қонунеро имзо кард, барои шаҳрвандони хориҷии туркнажод имкони кор дар муассисаҳои давлатӣ ва хусусии Туркияро медиҳад.

Модаре, ки 4 фарзандашоро ба дарё андохт, раовнаи зиндон шуд

Додгоҳи шаҳри Кӯлоб Мадина Ҳалимоваро, ки чанде пеш 4 фарзандашро ба дарё андохта буд ва ҳама ҳалок шуданд, ба 20 соли зиндон маҳкум кард.

Иҷрои 78 дарсади нақшаи даъвати ҷавонон ба артиш дар 10 рӯз

Нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон давоми 10 рӯзи аввал 78 дарсад иҷро шудааст.

770 ҳазор муҳоҷир аз Русия ихроҷ мешаванд

770 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ, ки аз се як ҳиссашон занону кудакон мебошанд аз Русия ихроҷ мешаванд.