Мамадбоқиров дар бемористон бистарӣ шудааст. Бо чӣ иллате?

Мамадбоқир Мамадбоқиров дар беморхона бистарӣ шудааст. Дар ин бора “Озодӣ” хабар дод.

Бино ба иттилои ин расона Мамадбоқирро, ки яке аз саркардаҳои гурӯҳҳои пурнуфузи ғайрирасмӣ дар ВМКБ ба шумор меравад, рӯзи 22-юми феврал вақте саломатияш бад мешавад бо мошини ёрии таъҷилӣ ба Маркази тиббии Оқохон дар шаҳри Хоруғ мебаранд. Наздиконаш мегӯянд, ӯ заҳролуд шудааст, аммо духтурон беморияшро “синусит ва сирояти вирус” гуфтаанд.

Духтари Мамадбоқир, Баригул Мамадбоқирова, ки дар риштаи тибби Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург мехонад, мегӯяд, ки дар падараш нишонаҳои заҳролудшавиро мушоҳида кард, вале гуфтаҳояшро пурра тасдиқ карда наметавонад.

Ҳамчунин Баригул дар идома гуфтааст, ки “Сараш ба дард даромад ва табларзааш гирифт. Дастонаш ба шиддат меларзиданд ва табаш то 41 дараҷа боло рафт. Ӯ ба мо нигоҳ мекард, вале ба назар мерасид, зеҳнашро аз даст додааст ва намешиносад. Вақте мошини ёрии таъҷилӣ омад, намедонист, духтурон аз ӯ чӣ мепурсанд”.

Ба гуфтаи духтари Мамадбоқир падараш моҳи ноябри соли гузашта, бино бар синусит ҷарроҳӣ шуд, вале ҳеч гоҳ чунин нишонаҳоро надоштааст.

Аммо як манбаъ аз Маркази тиббии Оқохон ба расонаҳо заҳролудшавии Мамадбоқирро рад намуда гуфтааст, ки “бадшавии вазъи саломатӣ бар асари кадом як сирояти вирус ва синусит рух додааст”.

Ҳамчунин ин манбаъ қайд намудааст, ки Маҳмадбоқиров бо таби баланд ба беморхона оварда шуд ва вазъаш баъди табобат беҳбуд ёфт. Коронавирус дар баданаш ошкор нашудааст ва айни ҳол мушкили ҷиддие бо саломатӣ надорад ва рӯзҳои наздик мураххас мешавад.

Мамадбоқир Мамадбоқиров, яке аз “лидерҳои ғайрирасмӣ” дар Хоруғ, сарҳанги бознишастаи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон мебошад. Бори охир номи ӯ дар соли 2018 вақте, ки Эмомалӣ Раҳмон саркардаҳои ғайрирасмии Бадахшонро интиқод намуд расонаӣ шуд.

Мақомоти Тоҷикистон ӯ ва чанд тани дигар, аз ҷумла Толиб Айёмбеков, Ёдгор Мамадасламов, Хурсанд Мазоров ва Мунаввар Шанбиевро борҳо аз шумули саркардаҳои “гурӯҳҳои мутташаккили ҷиноӣ” ном бурдаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Роналду ба корномаи 23-солаи худ дар тими миллии Португалия нуқта гузошт

"Агар ягон голи ман боиси шодии шумо шуда бошад, пас ҳама заҳматҳо арзанда буданд". Бо ин суханон Криштиану Роналду 5-уми ноябр аз тими миллии Португалия видоъ кард.

Боздошти гурӯҳе, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.

Тоҷикистон барои воридоти 100 ҳазор тонна дизели иловагӣ бо Русия мувофиқа кард

Тоҷикистон бо Русия барои афзоиши квотаи воридоти бебоҷи сӯзишвории дизелӣ дар соли 2026 ба мувофиқа расидааст.