3.9 C
Dushanbe

Маоши мардум 15% боло меравад, андоз чӣ?

Акс аз сомонаи “АХБОР”

Шурӯъ аз моҳи оянда маоши кормандон ва моҳиёнаи бознишастаҳо дар Тоҷикистон афзоиш меёбад. Дар ин бора хабаргузории “Ховар” фармони раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро ба нашр расонд.

Хабаргузории расмии “Ховар” бо тамҷид аз ин фармони Раҳмон онро як иқдоме дар роҳи дастгирии мардум хондааст. Ин хабаргузорӣ менависад:

“Тибқи фармони мазкур аз 1 сентябри соли 2020 маоши вазифавии кормандони ташкилоту муассисаҳои соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, ҳифзи иҷтимоӣ, соҳаҳои воқеии иқтисодиёт ва кормандони дигар ташкилоту муассисаҳое, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, инчунин ташкилоту муассисаҳое, ки музди меҳнаташон ба музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ баробар карда шудааст, ба андозаи 15 фоиз зиёд карда мешавад”.

Ба навиштаи “Ховар” аз 1 сентябри соли 2020 андозаи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ ва андозаи ҳадди ниҳоии нафақаи меҳнатӣ аз рӯи синну сол 15 фоиз зиёд мегардад.

Дар фароварди шарҳи ин фармон аз тарафи “Ховар” гуфта мешавад, ки  “анҷоми тадбири мазкур бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некӯаҳволии мардуми кишвар, бахусус дастгирии давлатии қишри осебпазири ҷомеъа дар шароити кунунии ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва татбиқи ҳадафмандонаи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст”.

Аммо бештари  коршиносон ва таҳлилгарони умури иқтисодӣ афзоиши 15% маош ва андозаи нафақаи бознишастаҳоро як тадбири номуассир ва бесамар меҳисобанд. Зеро мегӯянд ин коршиносон афзоиши баҳои маводди мавриди ниёз ба маротиб болотар аст ва низ таваррум ва беқурбшавии пули миллӣ боло бурдани ҳаҷми маошро беасар месозад.

Вақте давлат ҳаҷми маошро 15% вале қиммати истифодаи неруи барқ, об, андозҳои гуногунро ба аҳолӣ аз 20% ҳам боло мебарад, ба ин ҳад афзудани ҳаҷми маош  чизеро тағйир нахоҳад дод.

Тоикистон дар шумори кишварҳои шӯравии пешин аз ҳисоби андозаи маошу нафақаи дар зинаи охир қарор дорад ва ҳаҷми сабади истеъмолии аҳолии он низ камтар ва кучактар аз тамоми кишварҳои узви СНГ мебошад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Бекорӣ, коҳиши иқтисод ва афзоиши омори ҷинояткорӣ дар кишвар

Омори ду соли охир нишон медиҳад, ки Тоҷикистонро марҳилаи ошуфтагӣ фаро гирифтстааст.

Ҷиноятҳои беҷазои Раҳмон – чӣ гуна мунтақидон таъқиб ва зиндонӣ мешаванд?

“Дар замони дурӯғгӯйии умумиҷаҳонӣ рост гуфтан ифротгароӣ аст”. Ин сухан, ки ба Ҷорҷ Оруэлл нисбат дода мешавад, вазъияти имрӯзаи Тоҷикистонро хеле дақиқ нишон медиҳад.

Паём чӣ паём дошт?

Паёми ғайришаффоф. Стротежии милии рушд тайи се сол такмил мешавад?

Хазонрез – Истеъфои масъулони баландпояи ҲНИТ

Дар рӯзҳои охири соли ҷорӣ ду масъули баландпояи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз сафи ҳизб канор рафтанд.