Ба гуфтаи Давлатзода, масҷид аз рӯи лоиҳаи дуҷониба бунёд шудааст ва ба ин хотир бояд бо ҳузури намояндагони ду кишвар боз шавад.
Дар нишасти матбуотии соли гузашта Сулаймон Давлатзод гуфта буд, ки бузургтарин масҷиди Тоҷикистон аз комиссияи давлатӣ гузашта ва омода аст дарҳои худро ба рӯи намозгузорон боз кунад.
Он замон раиси Кумитаи дин гуфта буд, ки ифтитоҳи масҷид моҳи марти соли 2020 пешбинӣ шуда буд, аммо ба далели пандемияи коронавирус намояндагони Қатар ба Точикистон омада натавонистанд ва ба ин далел кушодашавии масҷид ба таъхир афтод.
Сохтмони ин масҷиди бузурги кишвар расман соли 2009 бо сармоягузории давлати Қатар оғоз шуда буд, вале бо далелҳои зиёд то ҳол дарҳои худро ба рӯи намозгузорон боз накардааст. Гуфта мешавад, ин масҷиди бузург дар шаҳри Душанбе дар масоҳати 12 гектар сохта шуда, аз чаҳор манораи бузург бо баландии 65-метрӣ ва як гунбади асосии баландияш 47 метр ва боз 20 гумбади хурди дигар, инчунин толорҳои хурду калон барои нишасту вохӯриҳо ва қабули меҳмонон, китобхона, як осорхона ва ғайра иборат аст.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки дар як вақт ҳудуди 120 000 нафар метавонанд дар ин масҷид намоз гузоранд.