Машваратҳои сиёсӣ байни Душанбеву Анқара

Ҳайатҳое аз Тоҷикистону Туркия дар Анқара дидор ва ҳуҷҷату санадҳоеро, ки “дар баррасии якдигар қарор доранд, муҳокима карданд.”

Бино ба иттилои сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзҳои 23-24-уми августи соли 2022 “дар шаҳри Анқара машваратҳо байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ оид ба ташхис ва такмили заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистон ва Туркия баргузор гардиданд.”

Ба гуфтаи манбаъ, “ҷонибҳо номгӯи ягонаи санадҳои байналмилалии дуҷониба ва дигар ҳуҷҷатҳоеро, ки дар баррасии якдигар қарор доранд, муҳокима карданд.”

Ҳамзамон, оид ба дурнамо ва тақвияти ҳамкориҳо миёни вазоратҳои корҳои хориҷӣ дар таҳияи шартномаҳои байналмилалии дуҷониба ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Гуфта мешавад, аз оғози робитаҳои Тоҷикистону Туркия 30 сол гузашта ва дар ин муддат ротибатаҳои фарҳангӣ ва тиҷоратӣ байни ду кишвар афзудааст. Тоҷикистон аксар аз Туркия молу колоҳои тиҷоратӣ ворид мекунад ва Туркия ҳам аз Тоҷикистон маводи хом, аз ҷумла алюминий ва нахи пахта мехарад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қирғизистон 170 хонаи аз Тоҷикистон гирифтаашро ба сокинон тақсим мекунад

Қирғизистон 170 хонаеро, ки аз Тоҷикистон гирифта буд, ба сокинонаш тақсим мекунанд.

Ҳукми абади ду нафар барои қатли Маннон Содиқов

Додгоҳи вилояти Суғд ду сокини шаҳри Исфараро бо иттиҳоми қатли узви пешини ҲНИТ ба ҳабси умрбод маҳкум кард.

Ҳамла ба полойишгоҳи бузурги Русия дар пасманзари камбуди сӯзишворӣ дар Тоҷикистон

Бузургтарин полойишгоҳҳои Русия дар шаҳри Киришии вилояти Ленинград мавриди ҳамлаи паҳподӣ қарор гирифта, дар он оташсӯзӣ рух дод.

Дар Самара пардохтҳои муҳоҷирон зиёд мешавад: акнун барои фарзандон ҳам маблағ месупоранд

Думаи вилояти Самараи Русия тағйиротеро қабул кардааст, ки аз соли 2027 афзоиши пардохтҳои муҳоҷирон ва пардохти иловагӣ барои фарзандони ҳамроҳашонро пешбинӣ мекунад.