Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ҷорӣ намудани “мобилизатсия” ё басиҷи сарбозон ба артиш ва ҷалби даҳҳо ҳазор сарбозро баррасӣ дорад. Акс: Интернет Тавре шабакаи телевизионии CNN дар истинод ба шахсони расмии Амрико ва Ғарб, ки “ба маълумотҳои иктишофӣ дастрасӣ доранд”, хабар медиҳад, Путин ин бор қасд дорад беш аз 200 ҳазор нафарро ба артишаш ҷалб кунад. […]
Фирӯзи Ҳаит· Рӯзноманигор ва муҷрӣ· Ба дигарон фирист
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ҷорӣ намудани “мобилизатсия” ё басиҷи сарбозон ба артиш ва ҷалби даҳҳо ҳазор сарбозро баррасӣ дорад.
Акс: Интернет
Тавре шабакаи телевизионии CNN дар истинод ба шахсони расмии Амрико ва Ғарб, ки “ба маълумотҳои иктишофӣ дастрасӣ доранд”, хабар медиҳад, Путин ин бор қасд дорад беш аз 200 ҳазор нафарро ба артишаш ҷалб кунад.
Бино ба иттилои CNN, мавҷи нави басиҷи сарбозон “оромтар” мешавад, зеро мақомоти Русия “аз эътирози оммавӣ ва оқибатҳои иқтисодии он нигаронанд”. Вале гуфта мешавад, то ҳол дар ин бора тасмими ниҳоӣ гирифта нашудааст.
Котиби матбуотии Президенти Русия Дмитрий Песков дар суҳбат бо ТАСС ин хабарро рад кардааст.
Аммо пештар Песков ҳамчунин иттилоъро дар бораи он ки Хадамоти федералии амнияти Русия аз 9-уми январ хуруҷи шаҳрвандони ба хидмати ҳарбӣ мувофиқро аз қаламрави Русия маҳдуд кардааст, рад карда буд.
The technical storage or access is necessary for the legitimate purpose of storing preferences that are not requested by the subscriber or user.
Омор
Захира ё дастрасии техникӣ барои мақсади қонунии фаъол кардани хидмати мушаххас, ки корбар ошкоро дархост кардааст, ё танҳо барои интиқоли иттилоот тавассути шабакаи иртиботи электронӣ ҳатмист.The technical storage or access that is used exclusively for anonymous statistical purposes. Without a subpoena, voluntary compliance on the part of your Internet Service Provider, or additional records from a third party, information stored or retrieved for this purpose alone cannot usually be used to identify you.