1.9 C
Dushanbe

Модар барои куштани духтари сесолааш ба зиндон маҳкум шуд

Додгоҳи вилояти Хатлон як сокини ноҳияи Хуросонро барои куштани духтари сесолааш ба 18 соли зиндон маҳкум кард.

Ҳукми додгоҳ моҳи ноябри соли 2025 содир шуда, ҷузъиёти парвандаро хабаргузории «Азия-Плюс» рӯзи 7-уми январ нашр кард. Ба иттилои манбаъ, Ситора Бобоева дар содир намудани куштор бо бераҳмии махсус гунаҳкор дониста шудааст. Вокуниши худи маҳкумшуда ва наздиконаш нисбат ба ҳукми додгоҳ то ҳол нашр нашудааст.

Мақомот сабаби рух додани ҷиноятро асабонияти модар аз рафтори кӯдаконаи духтараш унвон кардаанд. Тибқи иттилои манбаъ, субҳи 13-уми сентябри соли 2025 Ситора Бобоева ҳангоми тозакунии оғил духтараш Мавлудаи 3-сола аз ӯ ширинӣ талаб карда, пас аз радди муваққатии модар гиря ва пофишорӣ кардааст.

Ба қавли манбаъ, зан иқрор шудааст, ки натавонистааст худро идора кунад ва аввал кӯдакро латукӯб намуда, сипас бо пӯшонидани селофан ба сараш ӯро буғӣ кардааст.

Пас аз ин, модар ҷасади кӯдакро пинҳон карда, гум шудани духтарашро эълон намудааст. Тибқи маълумоти «Азия-Плюс», ҷасади кӯдак шабона ба канали деҳа партофта шуда, танҳо баъд аз чор рӯз пайдо гардидааст. Ташхиси тиббӣ-додгоҳӣ дар бадани кӯдак нишонаҳои марги маҷбуриро тасдиқ кардааст.

Ин бори аввал нест, ки дар Тоҷикистон кӯдакон бар асари хушунати хонаводагӣ ба ҳалокат мерасанд. Ёдовар мешавем, ки рӯзи 26-уми июли соли 2025 қатли як навраси 15-сола аз ҷониби падараш ҷомеаро такон дод.

Дар он ҳодиса падар писараш Хусравро барои гумони дуздии 600 сомонӣ ва кашидани нос шиканҷа карда, ӯро бо таноб ба мошин баста, бар рӯи замин кашондааст. Наврас бар асари ҷароҳатҳои вазнин беҳуш шуда, баъдан дар хона ҷон бохт.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Буҳрони сиёсӣ дар Эрон. Эътирозҳои густарда кишварро ба куҷо мебарад?

Дар Ҷумҳурии исломии Эрон эътирозҳои хиёбонӣ алайҳи ҳукумат густардатар шуда, мардум истеъфои раҳбарони феълии ин кишварро талаб доранд.

Заминларза ВМКБ-ро такон дод, ҷунбиш дар Душанбе ҳам эҳсос шуд

Шаби 8 ба 9-уми январ дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон заминларза ба қайд гирифта шуд.

Тоҷикистон истифодаи шири кӯдаконаи “NAN”-ро муваққатан манъ кард

Мақомоти Тоҷикистон шаҳрвандонро аз истеъмоли шири хушки кӯдаконаи навъи “NAN” ҳушдор дода, фурӯш ва истифодаи ин маҳсулотро муваққатан манъ карданд.

Идомаи хазонрез дар ҲНИТ. Боз се узви дигар аз ҳизб канор рафтанд

Дар рӯзҳои аввали соли 2026 се фарзанди маҳбусони сиёсӣ аз узвияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон даст кашиданад.