11.9 C
Dushanbe

Муҳоҷирон Русияро тарк мекунанд. Омилҳо ва паёмади ин раванд

Мақомоти Русия эътироф карда, ки сафи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар ин кишвар коҳиш ёфтааст ва ин ба иқтисоди Русия бетаъсир нахоҳад буд.

Ба гуфтаи Александр Сафонов, профессори Донишгоҳи иқтисодии назди ҳукумати Русия, муҳоҷирони кишварҳои Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон солҳои ахир Русияро тарк карда истодаанд. Онҳо, ки то ин дам Русияро ҳамчун кишвари кор интихоб мекарданд, ҳоло бештар ба Чин, Кореяи Ҷанубӣ ва Аврупо мераванд.

Ин профессори Донишгоҳи иқтисодӣ мегӯяд, тарки Русия аз ҷониби муҳоҷирон ба коҳиши қурби рубли русӣ ва сиёсати зидди муҳоҷирати мақомдорони ин кишвар рабт дорад.

Коршиносони масоили иқтисодии Русия бар ин назаранд, ки раванди тарк кардани Русия аз ҷониби муҳоҷирони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар оянда низ идома хоҳад кард. Зеро ба гуфтаи онҳо, иқтисоди кишварҳои мазкур дар ҳоли рушди босуръат аст ва шаҳрвандони зиёде дар дохили кишварҳои худ кор пайдо хоҳанд кард.

Таҳлилгарон масъалаи муҳоҷирати корӣ ба Русияро, ки солҳо боз яке аз самтҳои асосии кору даромади муҳоҷирон маҳсуб меёфт, дигар ҳамчун стратегияи устувор намедонанд. Ба назари онҳо, тағйироти сиёсӣ, мушкилоти иқтисодӣ ва таҳдидҳои афзояндаи табъизу маҳдудиятҳо дар ин кишвар, муҳоҷирони кориро дар ҳолати ногувор қарор додаанд, ки маҷбур ба тарки Русия шаванд.

Гуфта мешавад, Тоҷикистон ин равандро ба назар гирифта, ба ҷои таъмини ҷойҳои корӣ дар дохили кишвар, бо давлатҳои Аврупо ва Осиё, аз ҷумла Лаҳистон, Туркия ва Руминия вориди гуфтугӯ шуда, роҳҳои нави муҳоҷирати кориро ҷустуҷӯ дорад.

Ба назари мунтақидони ҳукумати Эмомалӣ, ин фурсатест, ки Тоҷикистон бояд дар дохили кишвар ҷойҳои корӣ таъмин кунад ва мушкилоти муҳоҷиратро коҳиш диҳад. Аммо чун қисмати зиёди буҷаи давлатии Тоҷикистон аз даромади муҳоҷирон вобаста аст, мақомоти кишвар намехоҳанд ин даромад коҳиш ёбад, бинобар ин, роҳҳои нави муҳоҷиратро ҷустуҷӯ доранд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Рухшона Ҳакимоваро аз СИЗО ба зиндон бурданд

Мақомоти Тоҷикистон рӯзи 22-уми апрел Рухшона Ҳакимова, рӯзноманигори 31-сола ва модари ду фарзанди хурдсолро аз СИЗО-и Душанбе ба зиндони занона дар шаҳри Норак интиқол дод.

Аз ҳама бештар шаҳрвандони Тоҷикистон дар артиши Русия ҳузур доранд

Дар байни шаҳрвандони кишварҳои узви СПАД шаҳрвандони Тоҷикистон дар артиши Русия аз ҳама бештаранд, ки бар зидди Украина меҷанганд.

Чаро музокироти Русия ва Украина дар Лондон ба таъхир афтод?

Қарор буд имрӯз, 23-юми апрел идомаи музокирот барои поён додани ҷанги Русия ва Украина дар Лондон баргузор шавад, аммо он ба таъхир гузошта шуд.

Ду генерали бемасъулият вазифаҳои нав гирифтанд

Ду генерали милитсия, ки бо интиқоди расиҷумҳур аз вазифаҳояшон ронда шуда буданд, вазифаҳои нав гирифтаанд.