Муҳлати ҳабси пешакии Иззат Амон ду моҳи дигар тамдид шуд

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе рӯзи 25-уми май муҳлати ҳабси Иззат Амонро ду моҳи дигар дароз кард. Гуфта мешавад, барои тамдиди муҳлати тафтиши парвандаи ин ҳомии ҳуқуқи муҳҷирон дар Русия, муфаттиши ӯ ариза пешниҳод намудааст.

Бино ба иттилои расонаҳо то имрӯз нисбати Иззат Амон ёздаҳ нафар ба мақомот шикоят кардаанд. Нафароне, ки ба мақомот шикоят бурдаанд иддаои доранд, ки Иззат Амон онҳоро дар Русия фиреб додааст, аммо наздикони ӯ бар ин назаранд, ки ин нафарон зери фишор нисбати ӯ баёнот медиҳанд.

Муҳаммадюсуф Холов, писари Иззат Амон дар суҳбат ба Радиои Озодӣ тамдиди муҳлати боздошти падарашро тасдиқ кард.

Ба гуфтаи Муҳаммадюсуф, нафароне, ки аз падараш ба мақомот шикоят кардаанд, пештар ҳафт нафар буданд, вале ҳоло теъдодашон афзоиш ёфтааст.

Қаблан Муҳаммадюсуф Холов аз забони падараш раванди тафтишотро танқида карда, гуфта буд, ки “муфаттиши парванда фаъол нест”.

Муҳлати боздошти Иззат Амон дар ҳоле тамдид мешавад, ки Сайидбурҳон Шарипов вакили дифои ӯ ба расонаҳо гуфта буд, ки талош доранд парвандаи зерҳимояи ӯ мувофиқи қонуни афви соли 2019 банду баст шуда, парванда қатъ карда шавад.

Ҳамчунин вакили дифоъ гуфт, ки онҳо ҳоло талош доранд то ҳар шикоят ё зарари расидаеро, ки Иззат Амон бар дӯш мегирад, товони онро пардохт кунанд.

Иззат Амон як чеҳраи маъруф ва ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон рӯзи 25 моҳи март дар Русия шаҳрвандияш лағв ва рӯзи 27 дар Тоҷикистон хабари боздошташ расонаӣ шуд. ВКД-и Тоҷикистон Иззат Амонро ба қаллобӣ муттаҳм намуда, нисбаташ бо моддаи 247, қисми 4-и Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикстон парванда боз кардааст.

Аммо наздикони ӯ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ин иттиҳомотро рад мекунанд ва парвандаро дорои ангезаи сиёсӣ унвон кардаанд.

Муҳоҷирони тоҷик дар шаҳри Маскав барои озодии ӯ даст ба эътироз заданд ва дар назди сафорати Тоҷикистон талаби озодии Иззат Амонро карданд. Дере нагузашт, ки тақрибан ҳамаи муҳоҷирон боздошт шуданд, ки бо кумаки созмонҳои ҳуқуқӣ ва дахолати мухолифон озод карда шуданд.

Ҳамчунин дар баробари ин бо ибтикори КДАМ-и Тоҷикистон тақрибан ҳаррӯз донишҷӯён, омӯзгорон ва сокиноне, ки баъзеашон Иззатро умуман намешинохтанд дар назди дурбин ӯро ба қаллобӣ айбдор мекарданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тоҷикистон бори аввал номзадии худро ба Шӯрои Бехатарии СММ пешниҳод кард

Тоҷикистон дар таърихи худ бори аввал номзадияшро ба ҳайси узви ғайридоимии Шӯрои Бехатарии СММ барои солҳои 2028–2029 пешниҳод кард.

ЗИНАИ ДУВУМИ ИСТИҚЛОЛИ МУФТ: ОЁ ТОҶИКИСТОН ИН БОР АЗ ФУРСАТ ИСТИФОДА МЕКУНАД?

Баъди 35 соли расидан ба зинаи аввали истиқлоли муфт, Тоҷикистон дар остонаи зинаи дуввуми истиқлол ва ин дафъа ҳам муфт, қарор гирифтааст.

Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи роҳҳои фиристодани шаҳрвандон ба муҳоҷирати корӣ аст

Тоҷикистон дар як конфронси байналмилалӣ зарурати густариши роҳҳои қонунии муҳоҷирати кориро матраҳ кардааст.

HRW: Саркӯби дигарандешон дар Тоҷикистон идома дорад

Созмони HRW аз вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон нигаронӣ карда, мегӯяд, ки рӯзноманигорон, фаъолон ва мунтақидони сиёсати ҳукумат ҳанӯз ҳам зиндонӣ ҳастанд.