Муҳоҷири тоҷик: То маошамро надиҳад аз болои пул поин намефароям!

Як муҳоҷири 46-солаи тоҷик рӯзи 25-уми январ дар шаҳри Маскав бар болои пули Қрим баромада, таҳдиди аз болои он ҷаҳиданро карда аст. Дар ин бора moslenta.ru хабар медиҳад.

Пулис ва наҷотдиҳандагоне, ки ба ҷойи ҳодиса омада буданд, муҳоҷири тоҷикро ҳудуди 2 соат даъват кардаанд, ки ба поин фарояд. Аммо муҳоҷир ба онҳо гуфтааст, ки то корфармо маошашро ба корти бонкияш нагузаронад аз болои пул поин намефарояд.

Дар хабар гуфта мешавад, ки баъд аз пофишории зиёди муҳоҷири тоҷик маблағи муайяншударо ба суратҳисобаш гузарониданд ва сипас ӯро аз болои пул поин карданд.

Нисбати ин марди 46-сола, ки номаш оварда нашудааст, бо моддаҳои “майдаавбошӣ” ва “вайрон кардани қоидаҳои вуруд ба Федератсияи Русия ё низоми иқомат” протоколи маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Назари худи ин муҳоҷир дастраси расонаҳо нашудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Русия мехоҳад аз соли 2027 кори муҳоҷиронро дар таксӣ маҳдудтар кунад

Мақомоти Русия қасд доранд, ки аз соли 2027 кор кардани муҳоҷиронро дар таксӣ ва хаткашонӣ дар чанд минтақа боздоранд.

Дар Женева аз Тоҷикистон хостанд, таъқибро бас кунад ва расонаҳо озод бошанд

Бритониё ва Норвегия дар нишасти ҳуқуқи инсон дар Женева аз Тоҷикистон хостанд, фаъолияти озоди журналистонро таъмин карда, таъқибҳои дорои ангезаҳои сиёсиро қатъ кунад.

Ҳамлавари Краков баъди куштани 6 нафар дар беморхона фавтид

Рӯзи шанбе, 7-уми ноябр, дар маркази шаҳри Кракови Лаҳистон як ҳамлаи мусаллаҳона рух дод, ки дар натиҷаи он 6 нафар кушта шуда, 15 нафари дигар захмӣ шуданд.

Шикояти муштарӣ аз “Душанбе Сити Бонк”: ду соат интизорӣ барои як мушкили хурд

Рӯзи душанбе, 9-уми ноябр, як шаҳрванд дар саҳифаи фейсбукии худ аз сатҳи хидматрасонии "Душанбе Сити Бонк" шикоят кард.