2.9 C
Dushanbe

“Муқовимати исломии Тоҷикистон”: ҳақиқат ё дурӯғ?

Бархе расонаҳои эронӣ аз вуҷуди гурӯҳе бо номи “Муқовимати исломии Тоҷикистон” хабар додаанд, ки Арабистони Саудиро таҳдид мекунад, вале коршиносони тоҷик мегӯянд, ин хабар “сохта ва фейкӣ” аст.

Бино ба иттилои расонаҳои эронӣ, гурӯҳе мавсум ба “Муқовимати исломии Тоҷикистон” бо нашри баёнияе гуфтааст, аз ташкили эътилофе барои кашондани ҷанг ба хиёбонҳои Риёз, пойтахти Арабистони Саудӣ ҳимоят мекунем.”

Расонаҳое, ки ин хабарро нашр ва ё бознашр кардаанд, иддао мекунанд, ки ин гурӯҳ “Оли Сауд”, оилаи ҳукмрон дар Арабистони Саудиро ба дахолат дар умури кишварҳои исломӣ, аз он ҷумла кишварҳои Осиёи Марказӣ муттаҳам карда, дар баёнияи худ дархост кардааст: “эътилоферо барои кашондани ҷанг ба хиёбонҳои Риёз ташкил диҳанд.”

Ин хабар дар ҳоле тайи ду рӯзи ахир ба касрат тавассути расонаҳои эронӣ нашр мешавад, ки ҳеч кадоми онҳо манбаи асосии хабарро нагуфтаанд. Инчунин ҷустуҷӯгарҳои “Гугл” ва “Яндекс” ҳам дар бахши тоҷикии Интернет аз вуҷуди чунин гурӯҳе ва ахбори он ҳеч иттилоеро рӯи даст надоранд.

Ин ҳам дар ҳолест, бархе коршиносоне, ки аҳвол ва ахбори Эронро бештар пайгирӣ мекунанд, бидуни зикри ном дар суҳбат ба Azda tv ин “ҳамла”-ро як ҷанги равонӣ хонда, гуфтанд, “эҳтимол ин ҷанги равониро бархе ироқиҳои тарафдори Эрон роҳандозӣ кардаанд.”

Бобоҷон Қайюмзод, cухангӯи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо таъкид бар ин ки ин хабар фейк асту ҳеч нукоти муътамаде дар он вуҷуд надорад, дар суҳбат ба Azda tv гуфт: “Фикр намекунам, ки ин як воқеият дошта бошад, ин як сӯиистифода кардан аз номи тоҷик ва миллати тоҷик аст.”

Ин фаъоли сиёсии тоҷик ва сухангӯи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон таъкид кард: “Мутаассифона, Эмомалӣ Раҳмон бо ин амалиётҳо, бо ин барномаҳо, бо ин корҳое, ки кард, тавонист миллати тоҷикро дар дунё ҳамчун як миллати террорист муаррифӣ кунад. Имрӯз ҳар гурӯҳе, ки дар дунё пайдо шавад, метавонад аз номи тоҷик ба нафъи худаш бо ҳамин шакл истифода кунад.”

Гуфта мешавад, расонаҳои эронӣ дар ҳоле аз вуҷуди чунин гурӯҳе бо номи “Муқовимати исломии Тоҷикистон” ва он ҳам бо мавзеъгерӣ алайҳи кишвари Арабистони Саудӣ хабар медиҳанд, ки Теҳрон тайи чанд моҳи ахир даргири ҷангҳои шадиди иттилоотӣ бо Риёз аст.

Ҳар ду кишвар, ки як замоне даъвои пешво будан ба ҷаҳони исломро дар сар доштанд ва дар ин роҳ хеле сарфу харҷҳои зиёдеро анҷом доданд, вале на танҳо касе аз онҳо то ҳол ба ин кор муваффақ нашудааст, балки ихтилофоти сиёсиашон ҳам дар даҳ соли ахир ба маротиб зиёдтар шудааст.

Эрон Арабистони Саудиро ба дахолат кардан дар умури дохилиаш аз тариқи расонаҳо, ва минбарҳои сиёсӣ муттаҳам мекунад ва аз сӯи дигар Риёз ҳам Теҳронро ба дахолат кардан дар умури кишварҳои арабӣ, ба хусус Сурия, Яман, Баҳрайн ва Лубнон айбдор медонад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Чаро мардум “Шоҳнома” намехонанд? Тасмими нави “Тоҷикфилм” дар бораи “Шоҳнома”

Муассисаи давлатии "Тоҷикфилм" тасмим гирифта, ки филми синамоие бар пояи асари "Шоҳнома"-и Абулқосим Фирдавсӣ ба навор гирад.

Ҷанозаи Қобилҷон дар Шаҳринав

Қобилҷон Алиеви 10-cоларо, ки рӯзи 16-уми декабр дар Русия бераҳмона кушта шуд, имрӯз дар деҳаи Аҷами ноҳияи Шаҳринав дафн карданд.

Чаро расонаҳои давлатии Тоҷикистон дар ҳодисаи куштори Қобилҷон сукут ихтиёр карданд?

Ҳодисаи куштори навраси тоҷик Қобилҷони Алиеви 10-сола вокунишҳои зиёдеро дар сатҳҳои гуногун ба вуҷуд овардааст.

Вокунишҳо ба қатли бераҳмонаи навраси тоҷик дар Русия

Мақомоти Тоҷикистон ва мухолифонаш ба ҳамлаи террористии як рус ба мактабе, ки бо қатли бераҳмонаи навраси 10-солаи тоҷик анҷомид, вокуниш карданд.