Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷаббор дар Қирғизистон

Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, ки бо сафари корӣ дар Қирғизистон қарор дорад, бо президенти ин кишвар Содир Ҷабборов дар шаҳри Чолпон-Ата бо ҳам мулоқот карданд.

Гуфта мешавад, дар ин мулоқот, ки рӯзи 2-уми июн сурат гирифтааст, президентҳои ду кишвар ба масоили гуногун пардохта, аз ҷумла масъалаи таъйин ва аломатгузории марзи муштарак байни ду кишварро меҳвари гуфтугӯи худ қарор додаанд.

Тавре Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ин нишаст “сарони давлатҳо вазъ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистонро дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва ғайра баррасӣ” каданд.

Дар хабар гуфта мешавад, ки Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Қирғизистон, Содир Ҷабборов “аз натиҷаҳои охири мувофиқаи хати лоиҳавии сарҳади давлатии байни Тоҷикистон ва Қирғизистон ба дарозии тақрибан 626 километр, ки 102 километри он дар 1,5 соли охир тасвир шудааст, изҳори қаноатмандӣ намуданд.“

Ҳамзамон гуфта мешавад, дар ин нишаст президентҳои ду кишвар аз роҳи сиёсӣ ва дипломатӣ ҳал намудани мушкилот ва баҳсҳои марзиро ҷонибдорӣ карданд.

Тоҷикистону Қирғизистон бо ҳам беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки то ҳол на ҳамаи он мушаххас ва аломатгузорӣ шудааст. Ва тайи ду соли ахир аксари даргириҳо, ки даҳҳо куштаву захмӣ аз ду ҷониб баҷо гузошт, сари нуқтаҳои аломатгузорӣ нашудаи марз сурат гирифта буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Дар Самара пардохтҳои муҳоҷирон зиёд мешавад: акнун барои фарзандон ҳам маблағ месупоранд

Думаи вилояти Самараи Русия тағйиротеро қабул кардааст, ки аз соли 2027 афзоиши пардохтҳои муҳоҷирон ва пардохти иловагӣ барои фарзандони ҳамроҳашонро пешбинӣ мекунад.

Русия мехоҳад аз соли 2027 кори муҳоҷиронро дар таксӣ маҳдудтар кунад

Мақомоти Русия қасд доранд, ки аз соли 2027 кор кардани муҳоҷиронро дар таксӣ ва хаткашонӣ дар чанд минтақа боздоранд.

Дар Женева аз Тоҷикистон хостанд, таъқибро бас кунад ва расонаҳо озод бошанд

Бритониё ва Норвегия дар нишасти ҳуқуқи инсон дар Женева аз Тоҷикистон хостанд, фаъолияти озоди журналистонро таъмин карда, таъқибҳои дорои ангезаҳои сиёсиро қатъ кунад.

Ҳамлавари Краков баъди куштани 6 нафар дар беморхона фавтид

Рӯзи шанбе, 7-уми ноябр, дар маркази шаҳри Кракови Лаҳистон як ҳамлаи мусаллаҳона рух дод, ки дар натиҷаи он 6 нафар кушта шуда, 15 нафари дигар захмӣ шуданд.