8.9 C
Dushanbe

Мулоқоти Ятимов бо Толибон дар Душанбе

Як намояндаи баландпояи Толибон расман ба Душанбе даъват шуда, бо Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон мулоқот кард.

Дафтари матбуоти вилояти Балхи Афғонистон иттилоъ дода, ки рӯзи панҷшанбе, 23-юми октябр Юсуф Вафо волии Толибон дар вилояти Балх бо даъвати расмӣ ба Душанбе сафар карда, бо мақомоти амниятӣ ва марзбонии кишвар дидору гуфтугӯ доштааст.

Дафтари волии Балх эълом карда, ки дар мулоқоти Юсуф Вафо бо Саймумин Ятимов, ҷонибҳо дар бораи густариши равобити дипломатӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва илмӣ миёни Душанбе ва Кобул таъкид карда, мубориза бо таҳдидҳои амниятӣ, муқобила бо гурӯҳҳои террористӣ ва шабакаҳои қочоқи маводи мухаддирро авлаияти кори худ донистанд.

Ҳамчунин гуфта мешавад, раҳбари КДАМ-и Тоҷикистон ваъда дода, ки аз хоки кишвар ҳеч фаъолияте бар зидди Толибон анҷом нахоҳад шуд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки пас аз сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон мақомоти Тоҷикистон ҳамеша дар минбарҳо аз он бонги хатар мезаданд, ки эҳтимоли ҳамла ба хоки кишвар аз Афғонистон вуҷуд дорад. Толибон ҳам борҳо мегуфтанд, ки аз хоки кишварашон ба ҳеч кишвари ҳамсоя хатаре таҳдид намекунад.

Ҳамзамон гурӯҳе аз мухолифони Толибон ба Душанбе паноҳ оварда буданд. Ба иттилои баъзе манобеъ, соли 2024 мақомоти Тоҷикистон ба ин хулоса расид, ки фаъолияти мухолифони Толибонро дар Душанбе боздоранд ва онҳо амалан Тоҷикистонро тарк карданд.

Аммо ба назари таҳлилгарон, ин рӯйкарди тозаи Тоҷикистон дар ростои муносибат бо Толибон натиҷаи фишорҳои Маскав ва заъфи амалии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар баробари ҳукумати Толибон аст.

Давлати Тоҷикистон аз замони омадани Толибон ба сари қудрат дар Афғонистон аз соли 2021 то кунун равобити расмии дипломатӣ надорад ва сафорати Афғонистон дар Душанбе низ дар ихтиёри давлати қаблии ин кишвар аст.

Коршиносон ҳадс мезананд, ки даъвати расмии Толибон ба Душанбе ва дидор бо мақомҳои баландпояи тоҷик баёнгари он аст, ки Душанбе низ монанди дигар ҳамсояҳо дар озмудани сиёсати “робита бидуни ба расмият шинохтан” бо Толибон аст. Раванде, ки метавонад тавозуни қудрат дар шимоли Афғонистон ва мавқеияти Ҷабҳаи муқовимати миллиро дигаргун кунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Музокироти Амрико ва Эрон чӣ натиҷа медиҳад, ҷанг ё сулҳ?

Гуфтушунидҳои ғайримустақим байни Эрон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) дар ҳоли ҳозир дар ҳолати ҳассос қарор доранд.

Дидору гуфтугӯҳои ҳайати ПМТ бо мақомоти расмии Литва

Ҳайати ПМТ таҳти роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ зимни як сафарии кории серӯза дар шаҳри Вилнюси Литва бо мақомоти расмӣ, расонаҳо ва тоҷикони ин кишвар дидор доштанд.

Густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Microsoft ва Google дар самти ИИ 

Дар Ҳиндустон вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо намояндагони ширкатҳои “Google DeapMind” ва “Microsoft” дар самти зеҳни сунъӣ дидор кард.

Боз як узви фаъоли “Гурӯҳи 24” дар Туркия боздошт шуд

Фаъоли сиёсӣ ва узви Ҳаракати сиёсии "Гурӯҳи 24" Фирӯз Бобоев (маъруф ба Зайд Бобоев) боз аз ҷониби мақомоти Туркия боздошт шуд.