Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо масъулони INTERPOL дар Фаронса

18-уми сентябри соли ҷорӣ, дар шаҳри Лиони Фаронса мулоқоти Додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон ва муовини Котиби генералии INTERPOL ё пулиси байналмилалии ҷиноӣ Стивен Кавана баргузор гардид.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Додситонии кул, зимни мулоқот Юсуф Раҳмон бо Кавана масъалаи пешгирии вуруди “террористон” тавассути сарҳадҳои давлатҳои аъзои INTERPOL-ро баррасӣ кардааст.

Гуфта мешавад, 195 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон аъзои ин созмон мебошанд.

Инчунин дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо дар бораи кофтукови байналмилалии ҷинояткорон, истифодаи имконияти гуногуни INTERPOL ҳангоми кофтукови категорияҳои гуногуни ҷинояткорон ва шахсони бедарак гумшуда, пайвастагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба махзанҳои иттилоотии INTERPOL ва аз тақвияти ҳамкориҳои ҷонибҳо гуфтаанд.

Дар хабари додситонӣ гуфта мешавад, ки баъди вохӯрии Юсуф Раҳмон ва Стивен Кавана мулоқоти мутахассисони ду ҷониб барои ба рӯйхати INTERPOL ворид намудани нафароне, ки ба ифротгароиву терроризм гумонбаранд, доир шудааст.

Бино ба иттилои оморҳои расмӣ, танҳо дар соли 2021 Тоҷикистон беш аз 100 нафари дар ҷустуҷӯбударо бо кумаки “Интерпол” боздошт кардааст. Инчунин дар соли 2022 мақомоти Тоҷикистон 3140 нафарро бо иттиҳомоти гуногун, аз ҷумла терроризм ва ифротгароӣ дар ҷустуҷӯ қарор дода буданд, аммо дар сомонаи расмии Интерпол танҳо номи 39 нафар дида мешавад.

Созмонҳои байнулмилалии ҳуқуқи башар Интерполро борҳо танқид кардаанд, ки бо дархости кишварҳое ба монанди Тоҷикистон, мухолифон ва мунтақидонро ҷустуҷӯ ва боздошт мекунад.

Бо дархости Тоҷикистон Интерпол борҳо фаъолони мухолифинро дар хориҷ аз кишвар, аз ҷумла дар Аврупо боздошт карда буд, вале пас аз интиқодоти шадиди созмонҳои ҳуқуқи башарӣ онҳоро раҳо карданд.

Зоҳиран пас аз ин Интерпол комилан рӯйхати онҳоеро, ки бо дархости Тоҷикистон ҷустуҷӯ мешуданд, аз саҳифаи расмиаш пок кард.

Таҳлилгарон бар ин назаранд, ки мақомоти Тоҷикистон, аз ҷумла Юсуф Раҳмон бо баҳонаи ҷустуҷӯйи “террористон” мехоҳанд бо кумаки Интерпол мухолифони дар хориҷбудаи худро боздошт ва ба кишвар баргардонанд. Чун Ҳукумати Тоҷикистон аз ҳар роҳу василае, аз ҷумла фишор болои пайвандони мухолифон, навиштани нома барои истирдоди мухолифон ва мулоқот бо намояндагони кишварҳое, ки мухолифонаш онҷо қарор доранд ва ғайра истифода дорад.

Чанде пеш Ҳукумати Тоҷикистон аз ҳукумати Фаронса талаб карда буд, ки Муҳаммадиқболи Садриддин, яке аз мухолифини ашаддии Эмомалӣ Раҳмонро ба Тоҷикистон истирдод кунад.

Муҳаммадиқболи Садриддин, раиси пойгоҳи “Ислоҳ.нет” дар суҳбат ба Azda tv гуфта буд, ки мақомоти Додситонии Тоҷикистон ӯро ба қаллобӣ муттаҳам карда, аз мақомоти Фаронса истирдоди ӯро талаб кардаанд.

Ин мухолифи тоҷик мегӯяд, ки Тоҷикистон ҳатто барои нобуд кардани ӯ аз қотилон низ истифода карданд, вале муваффақ нашуданд. Ӯ афзуд, ки иттиҳомоти мақомти тоҷик дар мавриди террористу экстремист ба дард нахӯрад, “инак иттиҳоми наверо таҳти пӯшиши “қаллобӣ” рӯи даст гирифтаанд ва мехоҳанд бо ин роҳ ба хостаи худ бирасанд.”

Масъули пойгоҳи “Ислоҳ.нет” афзуд, ки мақомоти тоҷик барои хомӯш кардани садои мухолифонаш, тамоми равшанфикрон ва фаъолони ҷомеаи тоҷик, аз ҷумла Зайд Саид, Иззат Амон ва дигаронро бо иттиҳоми қаллобӣ ва моддаи 307 (ифротгароӣ ва террористӣ) зиндонӣ кардаанд, то ин ки касе аз “ҷиноятҳои ин режим” ҳарф назанад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қоидаи нави вуруд ба Қазоқистон: QazETA барои шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳатмӣ мешавад

Қазоқистон аз тобистони соли 2027 барои аксари шаҳрвандони хориҷӣ иҷозатномаи электронии вуруд (QazETA)-ро ҳатмӣ мекунад.

Олмон аз сарнавишти Асадулло Бобоев хабар надорад

Чаҳор моҳ пас аз истирдоди Асадулло Бобоев аз Олмон, ҳукумати ин кишвар дар посух ба дархости вакилон гуфтааст, ки дар бораи боздошт ва парвандаи ҷиноятии ӯ дар Тоҷикистон маълумот надорад.

Русия квотаи иқомати муваққатии хориҷиён (РВП)-ро боз кам кард

Ҳукумати Русия квотаи иҷозаи иқомати муваққатӣ барои шаҳрвандони хориҷиро дар соли 2027 то 3010 адад коҳиш дод, ки ин нисбат ба соли ҷорӣ 792 адад, ё тақрибан 21 дарсад камтар аст.

Даромади буҷети Тоҷикистон барои соли 2027 муайян шуд

Ҳукумати Тоҷикистон даромади буҷети соли 2027-ро 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ кардааст, ки он 23,2 дарсад бештар аз буҷети тасдиқшудаи имсол мебошад.