USAID ба соҳаи энергетикаи Тоҷикистон кумак мекунад

Оҷонсии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) зимни мулоқоте дар Душанбе аз омодагии худ барои кумак дар соҳаи энергетикаи Тоҷикистон хабар дод.

Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Ҷумъа Далер бо директори Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) дар кишвар Питер Райлӣ мулоқот карда, масъалаи ҳамкориҳо дар соҳаи энергетикаро баррасӣ намуданд.

Бино ба гузориши Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин нишаст ҷонибҳо, масъалаи ҳамкориҳои дуҷониба, татбиқи ислоҳоти соҳаи энергетика барои ноил шудан ба ҳадафҳои муқарраргардидаи миллӣ дар соҳаи энергетикаи тоза ва дигар масоили муҳимро баррасӣ намуданд.

Ҳамчунин ҷонибҳо омодагии худро барои мусоидат ба рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи энергетика ва захираҳои об изҳор намуданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Раҳмон барои иштирок дар ҳамоише ба Озарбойҷон рафт

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон рӯзи 14-уми октябри соли ҷорӣ ба шаҳри Бокуи Озарбойҷон сафар кард.

Як ронандаи таксии шаҳрванди Тоҷикистон дар Лаҳистон ба куштор гумонбар аст

Як шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар садамаи маргбор дар гузаргоҳи пиёдагардон дар Варшава гумонбар дониста мешавад, пас аз марги ҷабрдида Лаҳистонро тарк кардааст.

Сафари аввалини Рубио ба Осиёи Марказӣ: Тоҷикистон аз ин сафар чӣ интизор дорад?

Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳида Марко Рубио нимаи дуюми моҳи октябр сафари хориҷии худро ба Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон анҷом медиҳад.

Михаил Галустян узр пурсид, аммо узрхоҳии ӯ саволҳои навро ба миён овардааст

Ҳаҷвнигори арманитабор Михаил Галустян пас аз мавҷи интиқодҳо дар пайи сафараш ба Душанбе ба хотири нақшҳои қаблияш аз мардуми Тоҷикистон бахшиш пурсид.