Валентина Матвиенко бо супориши Владимир Путин Эмомалӣ Раҳмонро дар Қасри миллат дар бораи ҳодисаҳои атрофи Украина огоҳ кард. Акс: Интернет Субҳи имрӯз Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко мулоқот кард. Ба навиштаи хабаргузории давлатии Русия “Тасс”, Валентина Матвиенко, Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия зимни ин мулоқот […]
AZDA.TV· Ба дигарон фирист
Валентина Матвиенко бо супориши Владимир Путин Эмомалӣ Раҳмонро дар Қасри миллат дар бораи ҳодисаҳои атрофи Украина огоҳ кард.
Акс: Интернет
Субҳи имрӯз Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко мулоқот кард.
Ба навиштаи хабаргузории давлатии Русия “Тасс”, Валентина Матвиенко, Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия зимни ин мулоқот паёми Владимир Путин, Раиси Федератсияи Русияро ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Рамҳон расонидааст.
Расонаҳои давлатии Тоҷикистон дар бораи муҳтавои ин паёми Президенти Русия ба ҳамтои тоҷикистониаш дар хусуси ҳодисаҳои атрофи Украина бо сароҳат чизе нагуфтаанд, аммо “Тасс” менависад, ки хонум Матвиенко Раҳмонро огоҳ кард.
Сомонаи Президенти Тоҷикистон бидуни овардани номи кишварҳои даргир қораи Аврупо ва оғози ҳамлаҳои маргбори Русия ба Украина танҳо дар ҷумлаи охири гузориши худ гуфтааст: “Дар рафти вохӯрӣ, ҳамчунин доир ба авзои зудтағйирёбандаи сиёсии ҷаҳон, афзоиши низоъҳо дар баъзе минтақаҳо, вазъи сиёсии Афғонистон ва мубориза бар зидди хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир, табодули афкор сурат гирифт.”
Валентина Матвиенко пеш аз мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси миллӣ ҳам мулоқот карда буд.
Гуфта мешавад, субҳи 24-уми феврали соли 2022 Русия ҳамлаҳои густурдаи низомии худро бар Украина оғоз кард ва то кунун ин ҳамлаҳо дар чанд ҷабҳа, аз он ҷумла ҷабҳаи низомӣ, иттилоотӣ ва гибридӣ идома доранд.
Ба гузориши Садои Олмон, мақомоти Украина теъдоди қурбониёни ин кишварро 137 нафар аз шаҳрвандони низомӣ ва мулкӣ эълон кардаанд ва инчунин гуфтаанд, ки дар ин набардҳо ҳудуди 800 низомии Русия низ кушта шудааст. Иттилое, ки то кунун мақомоти Русия онро таъйид ва ё такзиб накардаанд.
The technical storage or access is necessary for the legitimate purpose of storing preferences that are not requested by the subscriber or user.
Омор
Захира ё дастрасии техникӣ барои мақсади қонунии фаъол кардани хидмати мушаххас, ки корбар ошкоро дархост кардааст, ё танҳо барои интиқоли иттилоот тавассути шабакаи иртиботи электронӣ ҳатмист.The technical storage or access that is used exclusively for anonymous statistical purposes. Without a subpoena, voluntary compliance on the part of your Internet Service Provider, or additional records from a third party, information stored or retrieved for this purpose alone cannot usually be used to identify you.