25.9 C
Dushanbe

Мулоқоти Имомуддин Сатторӣ бо вазири сохтмони Русия. Мушкилоти муҳоҷиронро ҳал мекунанд?

Сурат: Фейсбук

Имомуддин Сатторӣ сафири Тоҷикистон дар Русия рӯзи 30-уми ноябр бо вазири сохтмон ва ЖКХ-и Русия Ирек Файзуллин мулоқот анҷом додааст. Дар ин бора сафорат дар саҳифаи расмии худ дар фейсбук хабар дод.

Бино ба навиштаи сафорати Тоҷикистон дар Русия зимни вохӯрӣ сафир иброз доштааст, ки бо сабаби пандемияи коронавирус бисёре аз муҳоҷирони корӣ ба далели коҳиши бозори кор аз маош ва васоили таъмини зиндагӣ маҳрум шуданд.

Дар идома гуфта шудааст, ки Сатторов бо Файзуллин масъалаи иҷрои созишномаи Русияву Тоҷикистон дар бораи ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон барои кори муваққат дар сохтмонҳои Русияро мавриди баррасӣ қарор додааст.

Баъд аз хуруҷи каронавирус ва баста гардидани марзҳо ҳазорҳо нафар муҳоҷирони тоҷике, ки ба хотири дидорбинии наздиконашон ба Тоҷикистон омада буданд, дар кишвар банд монданд ва ба Русия рафта натавонистанд, ки ин боис шуда сафи бекорон дар кишварро афзоиш диҳад.

Ҳамчунин як ҳафта қабл сафари Раиси Маҷлиси Олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Русия анҷом ёфта буд, аз руйи маълумоти тасдиқ нагардида, яке аз ҳадафҳои асосии ин сафар иҷозаи қабули шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия будааст, ки мақомоти Тоҷикистон дар ин маврид, чизе нагуфтанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вазорати маориф: То девори мактаб чаппа нашавад, таъмир намекунем

Мақомот дар ноҳияи Рашт ба масъулини як мактаби хурде, ки дар ҳолати садавамӣ қарор дорад, гуфтаанд, то деворҳояш фурӯ нарезад, онро таъмир намекунанд.

Собиқ раиси Конибодом зиндонӣ шуд

Собиқ раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода ба 12 соли зиндон маҳкум шуд.

Нигаронии мақомот аз таълимоти динии ҷавонон

Мақомоти Тоҷикистон боз аз ҷалб шудани ҷавонон ба таълимоти - ба гуфти худашон - "ғайриқонунии динӣ" изҳори нигаронӣ карданд.

Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав сафар кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати ҳамтои русаш Владимир Путин бо сафари корӣ ба Маскав рафт.