Хабар
УМУМӢ
Мулоқоти муовини ВКХ бо гузоришгари вежаи СММ
Имрӯз, 15-уми декабри солри ҷорӣ муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе гузоришгари Созмони Миллали Муттаҳидро ба ҳузур пазируфт. Акс: Интернет Ба иттилои сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ муовини вазири корҳои хориҷӣ “гузоришгари вежаи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) оид ба савдои одамон Шивон Муллалиро ба ҳузур пазируфт.” Ба иттилои манбаъ, “дар […]
Имрӯз, 15-уми декабри солри ҷорӣ муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе гузоришгари Созмони Миллали Муттаҳидро ба ҳузур пазируфт.
Акс: Интернет
Ба иттилои сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ муовини вазири корҳои хориҷӣ “гузоришгари вежаи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) оид ба савдои одамон Шивон Муллалиро ба ҳузур пазируфт.”
Ба иттилои манбаъ, “дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва СММ-ро дар самтҳои гуногун, аз ҷумла пешгирӣ ва муқобилият бо савдои одамон баррасӣ намуданд.”
Дар рафти вохӯрӣ гузоришгари вежа инчунин оид ба натиҷаи мулоқотҳои анҷомдодаи худ бо намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ маълумот дод.