15.9 C
Dushanbe

Мулоқоти Раҳмон бо Путин ё талаби иҷозат барои оғози ҳамла дар ВМКБ

Алим Шерзамонов

Мулоқоти Раҳмон бо Путин дар Маскав ва таъкиди ҳамкории онҳо дар бахши амният ва баррасии масоили амнияти минтақа нигарониҳоеро аз эҳтимоли оғози ҳамлаи мақомот дар Хоруғ ба вуҷуд овардааст.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон хабар додааст, ки имрӯз, 16-уми майи соли 2022 Эмомалӣ Раҳмон бо Влдамир Путин дар ҳошияи вохӯрии сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ мулоқот кард.

Ба иттилои манбаъ, “дар ҷараёни вохурӣ масоили ҳамкории Тоҷикистону Русия дар сатҳи шарикии стратегӣ ва дар чаҳорчуби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва дигар ташкилотҳои минтақавию байналмилалӣ баррасӣ гардид.”

Инчунин “ҷонибҳо зимни вохӯрӣ ҷиҳати баҳрабардорӣ аз имкониятҳои истифоданашудаи соҳаҳои барои ҳар ду кишвар судовари бахшҳои иқтисодӣ ва ҷоннок кардани кори Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ табодули андеша намуданд.”

Дар ин мулоқот сарони Тоҷикистону Русия ба масъалаи амният таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар бораи “вазъи сиёсии кишвари ҳамсоя – Афғонистон, ҳамкорӣ дар соҳаи амният, масъалаи таъмини амният дар минтақаи ҳудуди СААД” ва ғайра ба гуфтугӯ нишастанд.

Аз як сӯ марзҳои Тоҷикистон бо Афғонистон дар давоми камтар аз як моҳи дасти кам ду маротиба шоҳиди ноамниҳо буданд, аввал аз самти вулусволии Хоҷағори вилояти Тахори Афғонистон ва ахиран ҳам дар Шерхонбандари вилояти Қундӯз ба самти Тоҷикистон тир кушоданд ва ҷониби Тоҷикистон дар посух ба тарафҳои даргир бо тиру мушакҳо ба онҳо ҷавоб дод.

Аз сӯи дигар, мақомоти Тоҷикистон тайи наздик ба шаш моҳи ахир пайваста талош доранд, ки вазъият дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ноором нигаҳ доранд. Омили нооромӣ худ мақомоти қудратӣ дар ин валоят дониста мешаванд.

Онҳо дар 25-уми ноябри соли 2021 Гулбиддин Зиёбековро куштанду сипас болои эътирозгарони Хоруғ тир кушоданд ва баъд аз он то тавонистанд мардуми ин вилоятро аз тариқи расонаҳо баднома кунанд ва акнун қадс доранд, ки даҳҳо нафар аз эътирозгарони 14-уми майи соли ҷориро низ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз 5 сол то ҳабси абад равонаи зиндон намоянд.

Баъзе коршиносон ҳам бо далели он, ки дирӯз мақомоти қудратӣ дар ВМКБ Мамадбоқир Мамадбоқиров ва дигар додхоҳони ҳамоишҳои эътирозиро ба “терроризм”-у “экстризм” муттаҳам карданд, акнун дар пасманзари ин мулоқоти ахири Раҳмон бо Путин ва таъкиди ҷонибҳои дар хусуси ҳамкорӣ “дар соҳаи амният” ва “баррасии масоили амниятӣ” аз эҳтимоли оғози ҳамлаи мақомот дар ВМКБ хабар медиҳанд.

Амруллоҳи НИЗОМ, махсус барои АЗДО тв

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳабси боз як нафар барои фиристодани пул ба “Ислоҳ”

Дар Тоҷикистон боз як муҳоҷири собиқро барои фиристодани маблағ ба Муҳаммадиқболи Садриддин маҳкум ба зиндон карданд.

Эҳтимоли азсаргирии ҳамлаи Амрико ба Эрон баррасӣ мешавад

Қарор аст рӯзи панҷшанбе, 30-ми апрел Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико нақшаи ҷадиди ҳамла ба Эронро, ки аз ҷониби низомиён пешниҳод мешавад, баррасӣ кунад.

Куштори даҳшатнок: дӯсташро кушт ва ҷасадашро пора кард

Дар ноҳияи Файзобод аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ як ҳодисаи мудҳиши ҷинояти куштор ошкор гардид, ки ҷомеаро такон дод.

Президент музди командони IT-ро бештар мекунад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон бо имзои фармоне маоши кормандони соҳаи технологияи IT-ро бештар карданист.