Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Беларус

Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Беларус ҳангоми мулоқот ва баррасии дурнамои муносибатҳои ду кишвар чанд акси ёдгорӣ гирифтанд.

Ба иттилои сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон имрӯз, 13-уми майи соли 2022 Сироҷиддин Аслов ҳамтои беларусии худ В.В. Макейро ҳамроҳ бо ҳайати расмии он кишвар ба ҳузур пазируфт.

Ба иттилои манбаъ, “мусоҳибон вазъ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Беларусро баррасӣ карда, перомуни масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд.”

Гуфтанист, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бидуни пардохтан ба ҷузъиёти ин нишасти ду ҷонибаи Душанбеву Минск ба ҷуз ишора ба “ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ-“и ду кишвар бо нашри панҷ акс аз иштирокчиёни ин мулоқот таъкид кардааст, ки ҳамаашон саломату аз дидори якдигар шод мебошанд.

Ҳамзамон вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо муовини аввали вазир, иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Узбекистон В.Норов мулоқот карда, ҷонибҳо бо нашри 5 акси ёдгорӣ таъкид кардаанд, ки мулоқот дар фазои хуб гузаштааст.

Ин дидору селфигирии Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Беларус дар шаҳри Душанбе дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои  Мустақил сурат гирифтаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қирғизистон 170 хонаи аз Тоҷикистон гирифтаашро ба сокинон тақсим мекунад

Қирғизистон 170 хонаеро, ки аз Тоҷикистон гирифта буд, ба сокинонаш тақсим мекунанд.

Ҳукми абади ду нафар барои қатли Маннон Содиқов

Додгоҳи вилояти Суғд ду сокини шаҳри Исфараро бо иттиҳоми қатли узви пешини ҲНИТ ба ҳабси умрбод маҳкум кард.

Ҳамла ба полойишгоҳи бузурги Русия дар пасманзари камбуди сӯзишворӣ дар Тоҷикистон

Бузургтарин полойишгоҳҳои Русия дар шаҳри Киришии вилояти Ленинград мавриди ҳамлаи паҳподӣ қарор гирифта, дар он оташсӯзӣ рух дод.

Дар Самара пардохтҳои муҳоҷирон зиёд мешавад: акнун барои фарзандон ҳам маблағ месупоранд

Думаи вилояти Самараи Русия тағйиротеро қабул кардааст, ки аз соли 2027 афзоиши пардохтҳои муҳоҷирон ва пардохти иловагӣ барои фарзандони ҳамроҳашонро пешбинӣ мекунад.