Мулоқоти Зеленский бо раҳбарони чор кишвари аврупоӣ

Президенти Украина Влдимир Зеленский бо раҳбарони Фаронсаву Итолиё, Олмон ва Руминия дар Киев мулоқот кард.

Имрӯз, 16-уми июни соли 2022,

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар ҷанги беш аз садрӯзаи Русия алайҳи Украина тавонмандиҳои низомӣ ва дифоии Укрнаина ба маротиб камтар шудааст, раҳбарони Киев дар рӯзҳои гузашта борҳо дархости кумак намуда, эълон карда буданд, ки Киев нисбат ба Маскав ҳудуди 10 дарсад аслиҳа, муҳҳимоти ҷангӣ ва таҷҳизоти низомиеро дар ихтиёр дорад, артиши Русия бо онҳо муҷаҳҳаз аст.

Гуфта мешавад, 24-уми феврали соли ҷорӣ Русия бо раҳбарии Владимир Путин ҳамлаҳои худ алайҳи Украинаро оғоз кард ва то кунун ҷанг дар ин кишвар идома дорад. Дар натиҷа, беш аз 10 миллион нафар дар ин кишвар муҳоҷир, ҳазорҳо нафар куштаву ҳазорҳо каси дигар захмӣ ва боздошт шудаанд. Киев ва ҳампаймонанаш дар кишварҳои ғарбӣ ҳамлаҳои Русияро беасос медонанд, вале Маскав мегӯяд, ки алайҳи нозиҳо ва миллатгароҳо “амлиёти махсус”-ашро оғоз кардааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қирғизистон 170 хонаи аз Тоҷикистон гирифтаашро ба сокинон тақсим мекунад

Қирғизистон 170 хонаеро, ки аз Тоҷикистон гирифта буд, ба сокинонаш тақсим мекунанд.

Ҳукми абади ду нафар барои қатли Маннон Содиқов

Додгоҳи вилояти Суғд ду сокини шаҳри Исфараро бо иттиҳоми қатли узви пешини ҲНИТ ба ҳабси умрбод маҳкум кард.

Ҳамла ба полойишгоҳи бузурги Русия дар пасманзари камбуди сӯзишворӣ дар Тоҷикистон

Бузургтарин полойишгоҳҳои Русия дар шаҳри Киришии вилояти Ленинград мавриди ҳамлаи паҳподӣ қарор гирифта, дар он оташсӯзӣ рух дод.

Дар Самара пардохтҳои муҳоҷирон зиёд мешавад: акнун барои фарзандон ҳам маблағ месупоранд

Думаи вилояти Самараи Русия тағйиротеро қабул кардааст, ки аз соли 2027 афзоиши пардохтҳои муҳоҷирон ва пардохти иловагӣ барои фарзандони ҳамроҳашонро пешбинӣ мекунад.