11.9 C
Dushanbe

Муносибати кормандони зиндон бо маҳбусон сиёсӣ тағйир ёфтааст?

Идораи зиндонҳои Тоҷикистон аз 16 ноябр дидорбинии маҳбусон бo наздиконашонро иҷозат дод. Рӯзҳои 17 ва 18 ноябр ба як идда хонаводаҳо ва пайвандони маҳбусони сиёсӣ муяссар шуд, ки бо наздикони зиндонии  худ мулоқот анҷом диҳанд.

Бо вуҷуди инки мулоқоти маҳбусон аз пушти шиша ба воситаи телефон сурат мегирад, масъулин аз пайвандони зиндониён талаб доранд, пеш аз вохӯрӣ тести COVID-19 супоранд ва баъдан ба онҳо иҷозати дидорбинӣ бо пайвандонашон дода хоҳад шуд.

Дирӯз 18 ноябр наздикони Маҳмадалӣ Ҳаит, муовини раиси ҲНИТ бо ӯ вохӯрӣ анҷом доданд. Оилаи ин маҳбуси сиёсӣ аз сабаби шуюъи каронавирус ва қарантинаи сартосарӣ давоми 8 моҳ ӯро надида буданд. Дар мулоқоте, ки наздиконаш бо ӯ анҷом додаанд вазъи саломатияшро муътадил гуфтанд.

Маҳмадалӣ Ҳаит, ки пештар аз шиканҷа шуданаш аз ҷониби Нуруддин Раҳмонов чандин маротиба хабар дода буд, мегӯяд, баъд аз дахолат ва талаби созмонҳои байналмиллалӣ дар бораи қатъи шиканҷа ва озод кардани ӯ, дигар шиканҷа нашуда ва муносибати кормандони зиндон нисбатан беҳтар шудааст.

Маҳмадалӣ Ҳаит, ки ба ҳукми абад маҳкум шудааст ва дар зиндони низомаш “Крытий” нигоҳдорӣ мешавад, дар 6 моҳ якбор иҷозаи мулоқот бо наздиконашро дорад. Муовини раиси ҲНИТ 16 сентябри соли 2015 аз хонаи истиқоматиаш боздошт шуда буд. Боздошт ва зиндонӣ шудани ӯро худ ва наздиконаш ба фаъолиятҳои сиёсиаш рабт медиҳанд.

Соли 2018 СММ баъд аз баррасии парвандаи М.Ҳаит боздошти ӯро сиёсӣ ва ғайриқонунӣ донист ва аз ҳукумати Тоҷикистон хост фавран М.Ҳаитро озод намуда товони зарари моддиро ба ӯ пардозад. Вале ҳукумати ҶТ дархости СММ-ро нодида мегирад. Инчунин ахиран Итиҳодия Аврупо аз ҷониби Тоҷикистон хост, ки қарорҳои СММ дар умури зиндониёни сиёсиро иҷро кунад.

Наздикони Сайидумар Ҳусайнӣ муовини раиси ҲНИТ, вазъи саломатӣ ва равонии ӯро муътадил арзёбӣ карданд ва афзуданд, ки чандест шиканҷа нашудааст.

Ҳамчунин пайвандони Раҳматуллои Раҷаб, ки рӯзи 17 ноябр бо ӯ мулоқот анҷом додаанд, дар сӯҳбат ба “Аздо Тв” Нилуфар Раҷабова гуфт, ки муносибати кормандони зиндон нисбат ба падараш тағйир ёфтааст ва чанд моҳи ахир шиканҷа нашудааст.

Пайвандони Раҳматуллои Раҷаб мегӯянд, ки муносибати кормандони зиндон баъд аз иваз шудани раҳбарияти зиндони рақами 1 хеле хуб шудааст. Ин зиндонии сиёсӣ танҳо аз дарди гурдаҳояш шикоят кардааст. Ёдовар мешавем, ки Раҳматуллои Раҷаб дар зиндон ба вируси COVID-19 гирифтор шуда буд.

Сайидумар Ҳусайнӣ ва Раҳматуллои Раҷаб моҳи сентябри соли 2015 боздошт шуда, Сайидумар ба ҳукми абад ва Раҳматуллоҳ ба 28 соли зиндон маҳкум шуда буданд. Худи онҳо ва наздиконашон ин иттиҳомотро сирф сиёсӣ медонанд. Аз ҷумла аввали соли 2020 СММ аз ҳукумати Тоҷикистон дархост намуда буд, ки ин зиндониёни сиёсиро бидуни қайду шарт озод намуда, тавони зарари моддиро ба онҳо пардозанд. Вале ин дархост то ҳол татбиқ нашудааст.

Ҳисомиддин Розиқов писари узви Раёсати олии ҲНИТ, Зубайдуллоҳи Розиқ низ дар суҳбат ба “Аздо тв” гуфт, хонаводаашон бо падараш мулоқот накардаанд, вале чанд рӯзи пеш телефонӣ занг зада аз ҳолаш огоҳ шудаанд. Ӯ мегӯяд, вазъи саломатии падараш хуб буда ва айни замон аз чизе шикоят надорад.

Наздикони маҳбусони сиёсӣ мегӯянд, баъд аз вохӯрии ахир, ки чанд вақт буд аз вазъи саломатии зиндониён хабар надоштанд, ҳолати саломатӣ ва рӯҳии маҳбусонашон онҳоро умедвор кардааст, ки ҳукумати ҶТ парвандаи онҳоро бозбинӣ намуда, озодашон мекунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ихроҷи як шаҳрванди Тоҷикистон аз Лаҳистон

Як шаҳрванди 51-солаи Тоҷикистон дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон дастгир ва бо сабаби будубоши ғайриқонунӣ аз ин кишвар ихроҷ шуд.

Хариду фурӯши узвҳои инсон: Дар клиникаи “Истиқлол”-и Душанбе чӣ мегузарад?

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Узбекистон як гурӯҳи ҷиноятиеро ошкор кардаанд, ки ба хариду фурӯши ғайриқонунии узвҳои инсон муттаҳам мешаванд.

Як мард ҳангоми муноқиша ҳамсарашро бо корд зад

ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ Турдибоев Ҷавлони 26-сола, сокини ноҳияи Шаҳристонро, ки дар муноқишае ҳамсари худро чандин бор бо корд зада маҷруҳ карда буд, дастгир кардааст.

Ятимов дар куҷост?

Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии Шурои амнияти кишвар иштирок накардааст.