29.9 C
Dushanbe

Заҳролудшавии сокинон бо хӯрдани мурғи “Грил”

Чанд сокини шаҳри Хуҷанд пас аз хӯрдани мурғи “Грил” заҳролуд шуданд. Мақомот соҳибкорро боздошт ва дари дуконашро бастанд. Дар ин бора мақомоти шаҳри Хуҷанд хабар доданд.

Акс аз Интернет

Ба иттилои расонаҳо, айни замон додситонии шаҳри Хуҷанд нисбати ин соҳибкор, ки аз ӯ Муҳсинҷон Тоҷибоев ном бурда мешавад, парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 1 моддаи 207 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне вайрон намудани қоидаҳои санитарию эпидемологӣ, ки аз беэҳтиётӣ боиси бемории оммавӣ ва ё заҳролудшавии одамон гардидааст, боз кардааст.

Ба иттилои манобеъ, шумори шаҳрвандоне, ки аз мурғҳои пӯхтаи Тоҷибоев заҳролуд шудаанд, ба беш аз 35 нафар расидааст, ки дар байни онҳо кӯдакон низ ҳастанд. Ҳамчунин мақомот аз шаҳрвандони Хуҷанд даъват намудааст, ки ҳар ки аз ин мурғҳо заҳролуд шуда бошад, метавонад ба мақомот шикоят кунад.

Гуфта мешавад, ин соҳибкор дар шаҳри Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, бинои 77 ҳамроҳи аъзоёни оилааш дар дукони мурғпазӣ “Грил” кор мекарда, пас аз тафтиш маълум гашта, ки ӯ талаботи қонунгузории санитарию эпидемологиро дағалона вайрон намудааст.

Ин соҳибкорро ҷарима дар ҳаҷми аз 30 то 60 ҳазор сомонӣ, ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин муҳлат дар пеш интизор аст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Иқомаи як муҳоҷири тоҷик дар Русия бекор шуд

Пулиси шаҳри Самараи Федератсияи Русия иқомаи доимии як шаҳрванди Тоҷикистонро бекор кард.

Режаи ҳарбӣ дар Майдони Сурхи Маскав ва намоиши паҳподҳои эронӣ

Имрӯз, 9-уми май дар Майдони Сурхи шаҳри Маскав режаи ҳарбӣ бахшида ба 80-умин солгарди пирӯзии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргузор гардид.

Мақомоти Рашт: То девори мактаб чаппа нашавад, таъмир намекунем

Мақомот дар ноҳияи Рашт ба масъулини як мактаби хурде, ки дар ҳолати садавамӣ қарор дорад, гуфтаанд, то деворҳояш фурӯ нарезад, онро таъмир намекунанд.

Собиқ раиси Конибодом зиндонӣ шуд

Собиқ раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода ба 12 соли зиндон маҳкум шуд.