Муроҷиати ғамангези як сокини ноҳияи Ҳамадонӣ ба Эмомалӣ Раҳмон (САДО)

Марҳабои Абдураҳмон, як сокини ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон ба президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ҳамчун шаҳрванди соҳибҳуқуқ муроҷиат намуда, мегӯяд, ки ба мушкилоташ расидагӣ намуда, барояш ҳарҷое, ки набошад як хона бидиҳанд, чун аз бехонагӣ солҳост, ки ранҷ мекашад.

Марҳабо дар сӯҳбат бо “Аздо тв” мегӯяд, ки шавҳараш ӯро бо ду фарзанд талоқ дода ва аз баски дар хонаи падарияш ҳамагӣ ду ҳуҷра доранд ва бародаронаш бо фарзандонашон онҷо зиндагӣ мекунанд, маҷбур шудааст, ду писарашро дар назди модар гузошта ба Русия ба умеди кор кардану соҳиби хонае шудан сафар мекунад, то битавонад дар хонаи худ фарзандонашро дуруст тарбият кунад.

Марҳабо меафзояд, ки давоми се сол аст дар шаҳри Маскави Русия дар як сардхона бо маоши 20 ҳазор рубли русӣ косаву табақ мешӯяд.

Ба гуфтаи худи ӯ, аз нисф зиёди ин маблағ сарфи иҷора ва иҷозати корӣ (патент)-у дигар чизҳо мешавад ва ӯ танҳо моҳона аз 5 то 6 ҳазор рубл метавонад ба фарзандонаш бифиристад.

“Мо ҳаррӯз аз соати 6-и субҳ то 11-и шаб кор мекунем. Бо вуҷуди ин қадар сахткорӣ маблағи хеле ночиз мегирем. Баъзан моҳҳо мешавад, ки бо сабаби як дақиқа таъхир кардан аз кор, аз сари маошамон кам мекунанд, ки дигар наметавонам маблағе барои фарзандонам бифиристам”, – мегӯяд ҳамсӯҳбати мо.

Ӯ мегӯяд, дар Маскав сахттарин ранҷу машаққатро мекашад, вале дарди бехонагӣ ранҷи рӯзгор дар ватан ӯро маҷбур сохтааст, ки ин ҳама мушкилотро тоқат кунад. Ӯ ба Президенти кишвар хитоб намуда мегӯяд, “Дарди бехонагӣ афгорам кардааст, илтимос кумакам кунед”.

Ба нақли худи Марҳабо боре ба Дастгоҳи Президенти кишвар нома навишта аз мушкилоти бехонагияш шикоят карда буд, вале як сол гузашт посухе аз нома набуд, сипас маҷбур шуд барои кор ба Русия сафар кунад.

Дар суоли ин ки чаро ба ҷамоати деҳот ва масъулони ноҳияашон муроҷиат накардааст, мегӯяд, “ман медонам, ки онҳо ҳаргиз баҳри рафъи мушкилоти ман коре намекунанд, бефоида аст муроҷиат кардан”.

Аксари сокинони кишвар аз ноилоҷӣ маҷбур мешаванд ба Президенти кишвар ва шаҳрдории Душанбе арзу додашонро бирасонанд. Яке аз ноадолатӣ дигаре аз мушкилоти сахти рӯзгор мегӯяд. Аммо кам дида мешавад, ки ин арзу шикоятҳо посухи мусбат гирифта бошанд.

Чанде пеш зани тоҷире аз шаҳри Хуҷанд дар суҳбат бо “Аздо тв” гуфта буд, ки 22 маротиба ба масъулони баландпоя ва Дастгоҳи Президенти Тоҷикистон аз беадолатиҳо шикоят навиштааст, аммо посухе нест.

Дар чунин ҳолатҳо бештар хайрхоҳоне аз байни худи муҳоҷирон ё тоҷирон пайдо мешаваду дасти чунин муҳотоҷонро мегиранд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Русия мехоҳад аз соли 2027 кори муҳоҷиронро дар таксӣ маҳдудтар кунад

Мақомоти Русия қасд доранд, ки аз соли 2027 кор кардани муҳоҷиронро дар таксӣ ва хаткашонӣ дар чанд минтақа боздоранд.

Дар Женева аз Тоҷикистон хостанд, таъқибро бас кунад ва расонаҳо озод бошанд

Бритониё ва Норвегия дар нишасти ҳуқуқи инсон дар Женева аз Тоҷикистон хостанд, фаъолияти озоди журналистонро таъмин карда, таъқибҳои дорои ангезаҳои сиёсиро қатъ кунад.

Ҳамлавари Краков баъди куштани 6 нафар дар беморхона фавтид

Рӯзи шанбе, 7-уми ноябр, дар маркази шаҳри Кракови Лаҳистон як ҳамлаи мусаллаҳона рух дод, ки дар натиҷаи он 6 нафар кушта шуда, 15 нафари дигар захмӣ шуданд.

Шикояти муштарӣ аз “Душанбе Сити Бонк”: ду соат интизорӣ барои як мушкили хурд

Рӯзи душанбе, 9-уми ноябр, як шаҳрванд дар саҳифаи фейсбукии худ аз сатҳи хидматрасонии "Душанбе Сити Бонк" шикоят кард.