Муроҷиат ба Эмомалӣ: Аз ин бебарқиву торикӣ дар гӯр хоб кунем беҳтар аст

Дар ин чанд рӯзи ахир, ки ҳаво ҳам хеле сард шудааст, шикояти сокинон аз бебарқиву бешароитӣ бештар шудааст. То он ҳад, ки беъзеҳо дар муроҷиатҳои худ ба Эмомалӣ Раҳмон мегӯянд, аз ин азоби бебарқиву торикӣ дар гӯр хоб кунанд беҳтар аст.

Як модари тоҷик аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар муроҷиати худ ба Эмомалӣ Раҳмон мегӯяд, дар ин ҳавои сард барқ надоранд, се рӯз дар навбати газ истоданд газ ҳам нест, ҳатто наметавонанд барои фарзандонашон субҳонаи гарм омода карда, ба мактаб бифиристанд.

Ӯ мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон бо шири модараш қасам ёд кард, ки нерӯгоҳи барқии “Роғун”-ро месозад ва дигар барқ ҳечгоҳ қатъ намегардад ва ба ин ваъдаҳо бовра карда, аз 7-сола то 70-сола саҳмия хариданд, вале ҳолашон сол то сол бадтар мешаваду беҳтар не.

Ин модар бо гиря ҳамчун як модари маъюб ба Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат мекунад, ки барқро дар ҳавои сард ба берун нафурӯшанд ва ба мардум бидиҳанд.

Ӯ мегӯяд: “Илтимос, қувваи барқро диҳед, ақалан як пиёла чои гарм бихӯрем. Ними одамои мо мурда рафтанд аз бебарқӣ, ду шаб мешавад мурда мешавад барқ нест дар Тоҷикистони мо. Ин чӣ гап аст?”

Ин модар дар идома мегӯяд, “монда шудам аз ин бебарқӣ ва сардӣ, аз ин ҳол дида дар гӯри торик хоб кунем беҳтар аст“.

Ба ин монанд чандин шикоятҳои дигар низ ҳамарӯза дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ меёбад, аммо касе аз мақомдорони кишвар омода нест, ҳадди ақал дар ҳамин шабакаҳои иҷтимоӣ ба мардум посух бигӯяд.

Ба гуфтаи сокинони марказҳои ноҳияҳо, ки хонаҳои баландошёна доранд, ба сабаби бебарқӣ ба беморӣ гирифтор шудаанд. Ҳатто дар пойтахти кишвар ҳам низоми гармидиҳӣ хонаҳоро хуб гарм намекунад ва мардум, хусасан кӯдакдорону бемордорон дар ин зимистони сард сахт ранҷ мекашанд, вале Ҳукумат чорае барои беҳтар кардани вазъи мардум намеандешад.

 

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Олмон мехоҳад боз як паноҳҷӯйи дигари тоҷикро истирдод кунад

Мақомоти Олмон рӯзи 8-уми июн паноҳҷӯйи тоҷик, узви Ҷунбиши ислоҳот ва рушд Асадулло Бобоевро ҳамроҳ бо писараш Муҳаммад Бобоев дар шаҳри Крайс Клеве боздошт карданд.

Табдили алифбо баробар бо табдили қудрат аст

Ҳазфи вожаи "форсӣ" аз Қонуни забон ва маҳдуд кардани омӯзиши хатти форсӣ натавонист онро ба фаромӯшӣ бисупорад ва ё пеши роҳи омӯзиши онро аз миллати тоҷик бигирад.

Дидори вазири тоҷик бо намояндаи вежаи президенти Амрико

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир рӯзи 10-уми июн дар пойтахти Қазоқистон шаҳри Остона бо намояндаи вежаи президенти Иёлоти Муттаҳида дидору гуфтугӯ кард.

Ҳамлаи ҷадиди Амрико ба Эрон: Тангаи Ҳурмуз баста шуд

Шаби 10-уми июни соли ҷорӣ нерӯҳои низомии Амрико ба хоки Эрон дигарбора ҳуҷумро оғоз карданд.