Боздошти ду шаҳрванди Афғонистон барои 15 кг “метамфетамин”

Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ҳудуди 15 кг ҳабҳои психотропии навъи “метамфетамин” мусодира намуданд. Барои ин ду шаҳрванди Афғонистонро боздошт карданд.

Бино ба иттолии Агентӣ, 7-уми ноябри соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони оперативӣ дар шоҳроҳи Ҷайҳун-Панҷи Поён ду шаҳрванди Афғонистон Салоҳиддин Валади Боймат ва Маҳмадсаҳи валади Холмуҳаммад боздошт шуданд.

Зимни кофтукоб аз боздоштшудагон 15 зарфи пластикӣ мусодира гардид, ки дар дохили он бастаҳои селофанӣ бо маводҳои кристалии рангашон сафед мавҷуд буд. Тафтишот нишон дод, ки маводи дарёфтшуда ҳабҳои психотропии навъи “метамфетамин” буда, вазни умумии он 14 килограмму 850 граммро ташкил медиҳад.

Манбаъ мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса тибқи моддаҳои 200 қисми 4  банди “д”, 335 қисми 2 ва 289 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қирғизистон 170 хонаи аз Тоҷикистон гирифтаашро ба сокинон тақсим мекунад

Қирғизистон 170 хонаеро, ки аз Тоҷикистон гирифта буд, ба сокинонаш тақсим мекунанд.

Ҳукми абади ду нафар барои қатли Маннон Содиқов

Додгоҳи вилояти Суғд ду сокини шаҳри Исфараро бо иттиҳоми қатли узви пешини ҲНИТ ба ҳабси умрбод маҳкум кард.

Ҳамла ба полойишгоҳи бузурги Русия дар пасманзари камбуди сӯзишворӣ дар Тоҷикистон

Бузургтарин полойишгоҳҳои Русия дар шаҳри Киришии вилояти Ленинград мавриди ҳамлаи паҳподӣ қарор гирифта, дар он оташсӯзӣ рух дод.

Дар Самара пардохтҳои муҳоҷирон зиёд мешавад: акнун барои фарзандон ҳам маблағ месупоранд

Думаи вилояти Самараи Русия тағйиротеро қабул кардааст, ки аз соли 2027 афзоиши пардохтҳои муҳоҷирон ва пардохти иловагӣ барои фарзандони ҳамроҳашонро пешбинӣ мекунад.