Поёни музокироти Русия ва Украина. Кулеба: Украина таслим намешавад
Музокироти дирӯзаи вазирони хориҷии Русия ва Украина дар Анталияи Туркия бенатиҷа ба поён расид. Лавров хостори таслими Украина шуд, Кулеба рад кард. Акс: Интернет 10-уми марти соли ҷорӣ музокироти сулҳи Сергей Лавров вазири умури хориҷии Русия бо вазири умури хориҷии Украиан Дмитрий Кулеба дар шаҳри Анталияи Туркия баргузор шуд. Ин музокирот байни ду тарафи дагир […]
AZDA.TV· Ба дигарон фирист
Музокироти дирӯзаи вазирони хориҷии Русия ва Украина дар Анталияи Туркия бенатиҷа ба поён расид. Лавров хостори таслими Украина шуд, Кулеба рад кард.
Акс: Интернет
10-уми марти соли ҷорӣ музокироти сулҳи Сергей Лавров вазири умури хориҷии Русия бо вазири умури хориҷии Украиан Дмитрий Кулеба дар шаҳри Анталияи Туркия баргузор шуд.
Ин музокирот байни ду тарафи дагир дар Украина барои бори аввал дар сатҳи вазирони умури хориҷии ҳар ду кишвар бо миёнҷигарии вазири умури хориҷии Туркия Мавлуд Човушуғлу сурат гирифт, вале мисли се даври музокироти қаблии Русия ва Украина дар Белорус бенатиҷа поён ёфт.
Дар ин даври музокирот Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия хостаҳои қаблии кишвараш аз Украина, аз он ҷумла ба расмият шинохтани пайвастани Қрим ба Русия, эътирофи истиқлолияти “Ҷумҳурии халқии Луганск” ва Ҷумҳурии халқии Донетск” ва тағйири Конуститутсияи Украина ва шомил нашудани он ба НАТО ва дигар блокҳои низомии ҷаҳонро матраҳ кард.
Аммо Дмитрий Кулеба, вазири умури хориҷии Украина дар робита ба ин хостаҳои Русия гуфт, ки Кремлин мехоҳад, ки Украина таслим шавад, вале Киев ин хостаҳои Кремлинро қабул надорад.
Пас аз ин музокирот Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия гуфт, “амалиёти махсуси низомӣ” дар Украина идома меёбад ва аз сӯи дигар ҳамтои укроиниаш Дмитрий Кулеба афзуда, ки Киев барои расидан ба оташбаси талошҳои худро идома медиҳад.
Гуфта мешавад, аз оғози ҳамлаҳои Русия ба Украина 16 рӯз мегузарад ва дар ин муддати ба гуфтаи Созмони Миллали Муттаҳид зиёда аз 2 миллион нафар муҳоҷир ва ҳазорҳо каси дигар захмӣ ва кушта шудаанд.
The technical storage or access is necessary for the legitimate purpose of storing preferences that are not requested by the subscriber or user.
Омор
Захира ё дастрасии техникӣ барои мақсади қонунии фаъол кардани хидмати мушаххас, ки корбар ошкоро дархост кардааст, ё танҳо барои интиқоли иттилоот тавассути шабакаи иртиботи электронӣ ҳатмист.The technical storage or access that is used exclusively for anonymous statistical purposes. Without a subpoena, voluntary compliance on the part of your Internet Service Provider, or additional records from a third party, information stored or retrieved for this purpose alone cannot usually be used to identify you.