Интиқоли Пирмуҳаммадзода ба зиндони Хуҷанд

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, рӯзноманигори зиндонии тоҷикро аз боздоштгоҳи шаҳри Душанбе ба зиндони шаҳри Хуҷанд интиқол додаанд.

Бародари ин зиндонии сиёсӣ Абдукарим Пирмуҳаммадзода ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки Абдусатторро рӯзи 4-уми март ба зиндони шаҳри Хуҷанд бурдаанд ва ӯ бояд дувоздаҳ рӯз дар карантин истад.

Абдукарим Пирмуҳаммадзода мегӯяд, “дар зиндони Хуҷанд будани Абдусаттор барои пайвандон, бахусус ҳамсару фарзандонаш сахт аст, зеро роҳ дур асту зуд-зуд хабар гирифта намешавад.”

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, аз ҷумлаи рӯзноманигоронест, ки пас аз саркӯби хабарнигорон дар Тоҷикистон аз ҷониби мақомот боздошт ва бо иттиҳомоти сохта (ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ) барои 7 сол равонаи зиндон гардид.

Ин рӯзноманигори зиндонӣ моҳи октябри соли гузашта аз дохили зиндон бо навиштани номае гуфта буд, ки зери шиканҷа гуноҳи нокардаро ба дӯш гирифтааст.

Ӯ дар ин номаи худ, ки дастӣ навишта шудааст, гуфта буд: “Ҳашт-даҳ рӯзи азобу уқубат, изолятсияи комил, таҳдиду таҳқир ва расидан ба аъзои оилаам водор кард, ки гуноҳи накардаро ба дӯш бигирам.”

Як масъули Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон гуфта буд, ки дар бораи шиканҷа шудани рӯзноманигор Абдусаттор Пирмуҳаммадзода аз расонаҳо огоҳ шудааст, аммо касе аз наздикони рӯзноманигор ба онҳо муроҷиат накардаанд. Ӯ ҳамчунин гуфта буд, ки ин қазияро Омбудсмен моҳи феврал соли ҷорӣ мавриди санҷиш қарор медиҳад.

Аммо бо тамом шудани моҳи феврал то ҳол касе аз идораи Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо Абдусаттор Пирмуҳаммадзода дар зиндон мулоқот накардааст.

Имрӯз, 6-уми март ду намояндаи Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар кишвар, Муқим Ашӯров ва Ҳусниддин Нидоев дар суҳбат бо “Азия-Плюс” тасдиқ карданд, ки бо ин рӯзноманигори зиндонӣ мулоқот сураи нагирифтааст ва сабаби вохӯрӣ накардан бо ин рӯзноманигорро низ шарҳ дода натавонистаанд.

Ин дар ҳолест, ки як намояндаи Омбудсмен рӯзи 17-уми феврал дар Муассисаи ислоҳии ЯС3/4 маъруф ба “Якум Советский” бо рӯзноманигорони зиндонӣ Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Далери Имомалӣ ва Завқибек Саидаминӣ мулоқот кардааст.

Ёдовар мешавем, ки мақомоти Тоҷикистон дар як соли охир Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Завқибеки Саидаминӣ, Улфатхоним Мамадшоева, Муҳаммади Султон, Хушрӯз Ҷумъаев ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро бо иттиҳомоти сохта, аз ҷумла расондани иттилои дурӯғ ва ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнӯъ гунаҳкор намуда, онҳоро барои аз 7 то 20 сол ба зиндон маҳкум карданд.

Созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ ин рӯзноманигоронро бегуноҳ медонанд ва озодии онҳоро аз мақомоти Тоҷикистон талаб доранд, аммо мақомоти кишвар ҳамеша ин талаби созмонҳоро нодида мегирад.  

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қирғизистон 170 хонаи аз Тоҷикистон гирифтаашро ба сокинон тақсим мекунад

Қирғизистон 170 хонаеро, ки аз Тоҷикистон гирифта буд, ба сокинонаш тақсим мекунанд.

Ҳукми абади ду нафар барои қатли Маннон Содиқов

Додгоҳи вилояти Суғд ду сокини шаҳри Исфараро бо иттиҳоми қатли узви пешини ҲНИТ ба ҳабси умрбод маҳкум кард.

Ҳамла ба полойишгоҳи бузурги Русия дар пасманзари камбуди сӯзишворӣ дар Тоҷикистон

Бузургтарин полойишгоҳҳои Русия дар шаҳри Киришии вилояти Ленинград мавриди ҳамлаи паҳподӣ қарор гирифта, дар он оташсӯзӣ рух дод.

Дар Самара пардохтҳои муҳоҷирон зиёд мешавад: акнун барои фарзандон ҳам маблағ месупоранд

Думаи вилояти Самараи Русия тағйиротеро қабул кардааст, ки аз соли 2027 афзоиши пардохтҳои муҳоҷирон ва пардохти иловагӣ барои фарзандони ҳамроҳашонро пешбинӣ мекунад.