3.9 C
Dushanbe

Нигаронии намояндаи САҲА аз вазъи ВАО ва рӯзноманигорон дар Тоҷикистон

Тереза Рибейро, намояндаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар умури озодии расонаҳо пас аз сафараш ба Тоҷикистон бо нашри изҳороте аз вазъи расонаҳо ва рӯзноманигорон дар ин кишвар изҳори нигаронӣ кард.

Хонум Рибейро рӯзи 7-уми октябр зимни изҳори нигаронӣ аз вазъи ВАО дар Тоҷикистон аз мақомот хост, ки барои рӯзноманигорон шароити мусоид фароҳам кунанд.

Ин намояндаи САҲА дар изҳороти худ, ба хусус ба масъалаи 7.5 сол зиндонӣ шудани рӯзноманигор Абдуллоҳи Ғурбатӣ ишора карда, бо изҳори нигаронии ҷиддӣ гуфт: “Ба 7.5 соли зиндони низомаш сахт маҳкум шудани журналист Абдуллоҳ Ғурбатӣ боиси нигаронии ҷиддӣ аст. Тоҷикистон бояд қонунҳои худро комилан бо меъёрҳои байналмилалии озодии ВАО мутобиқ созад.”

Рибейро дар мулоқот бо мақомоти тоҷик изҳор дошта, ки дар ростои ҳалли мушкилоти марбута ба ВАО ва мутобиқ сохтани ин соҳа бо меъёрҳои САҲА омода аст ба ин кишвар ҳамкорӣ ва кумак расонад.

Ёдовар мешавем, ки хонум Тереза Рибейро, намояндаи САҲА дар умури озодии расонаҳо аз 3 то 7-уми октябр бо сафари корӣ дар Тоҷикистон ҳузур дошт. Ӯ дар ин сафари худ бо мақомоти тоҷик, аз ҷумла бо муовини вазири фарҳанг Давлат Сафарзода, муовини аввали Додситони кул Абдуғаффор Ҳикматуллозода ва муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Миҷгона Бобоҷонзода мулоқот анҷом дод.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Бекорӣ, коҳиши иқтисод ва афзоиши омори ҷинояткорӣ дар кишвар

Омори ду соли охир нишон медиҳад, ки Тоҷикистонро марҳилаи ошуфтагӣ фаро гирифтстааст.

Ҷиноятҳои беҷазои Раҳмон – чӣ гуна мунтақидон таъқиб ва зиндонӣ мешаванд?

“Дар замони дурӯғгӯйии умумиҷаҳонӣ рост гуфтан ифротгароӣ аст”. Ин сухан, ки ба Ҷорҷ Оруэлл нисбат дода мешавад, вазъияти имрӯзаи Тоҷикистонро хеле дақиқ нишон медиҳад.

Паём чӣ паём дошт?

Паёми ғайришаффоф. Стротежии милии рушд тайи се сол такмил мешавад?

Хазонрез – Истеъфои масъулони баландпояи ҲНИТ

Дар рӯзҳои охири соли ҷорӣ ду масъули баландпояи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз сафи ҳизб канор рафтанд.