15.9 C
Dushanbe

Намозгузорони Котелники аз рафтори ғайриқонунии ОМОН ба Путин шикоят карданд

Гурӯҳе аз намозгузорони шаҳри Котелникии вилояти Маскав дар муроҷиати видеоие ба Владимир Путин, раисҷумҳури Русия аз рафтори хашин ва ғайриқонунии кормадони мақомоти амниятии ин кишвар дар баробари намозгузорон шикоят карданд. 

Ин навор, ки рӯзи 10-уми июл дар шабакаи ютубии “Идораи динии мусалмонони вилояти Маскав” нашр шудааст, дар он гурӯҳе аз намозгузорон дар бораи ҳодисаи рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта нақл мекунанд, ки он рӯз ҳангоми гузоштани намози ҷумъа гурӯҳе аз кормандони ОМОН вориди масҷид шуда, намозгузоронро таҳқир карда, бо рафтори дағалона талош карданд намозгузоронро пароканда кунанд.

Намозгузорони ин масҷид аз Путин хостаанд, ки аз таҳқири мусалмонон ҷилавгирӣ кунад. 

Ба гуфтаи онҳо, кормандони ОМОН бо пойафзол вориди масҷид шуданд ва нисбати намозгузорон аз нерӯ истифода карданд. 

Онҷо занҳову кӯдакон низ буданд. Вақте намозгузорон, ки аксаран шаҳрвандони Русия ҳастанд, аз онҳо талаб карданд, ки сабаби чунин бархӯрдро шарҳ диҳанд, нерӯҳои интизомӣ аз олоти сӯхторхомушкунӣ истифода карданд”, –  мегӯянд намозгузорон.

Ҳамчунин дар ин муроҷиат гуфта мешавад, ки Ҷамъияти мусулмонони шаҳри Котелники бо дастгирии муфтии Русия шайх Равил Гайнутдин таъсис ёфта, он аз ҳисоби намозгузорон фаъолият мекунад ва аз давлат кӯмак намегиранд.

Муроҷиаткунандагон таъкид мекунанд, ки афсарони ОМОН бо ин амалашон ба сулҳу ваҳдати байни миллатҳову динҳо дар ҷомеа латма ворид мекунанд, дар ҳоле ки “тӯли таърих мусулмонон ҳамеша дар паҳлӯи ватан будаанд”.

Дар идомаи ин навор, намозгузорон мегӯянд, ки Ҷамъият зидди нақзи қонунҳои муҳоҷират аст, аммо онҳо наметавонанд нафароне, ки қонунро вайрон мекунанд дар масҷид пайгирӣ кунанд, зеро ин бояд аз ҷониби мақомоти салоҳиятдор ва берун аз деворҳои масҷид анҷом дода шавад.

Дар охир онҳо аз Путин хоҳиш кардаанд, ки ба ин вазъ дахолат кунад ва нисбат ба вайронкунандагони қонун чораҳои сахт биандешад. 

Ёдовар мешавем, ки ҳафтаи гузашта кормандони ОМОН ба масҷиде дар шаҳри Котелники ҳангоми хондани намози Ҷумъа ворид шуда, якбора алайҳи намозгузорон аз гази ашковар истифода мекунанд ва мехоҳанд ҳама намозгузоронро ба берун бароранд. Аз рафти ин амалиёт наворҳои зиёде аз ҷониби намозгузорон дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд.

Идораи динии мусалмонони вилояти Маскав ҳамон рӯз “рейд”-и навбатии нерӯҳои амниятии Русияро дар ин масҷид маҳкум кард ва амали афсарони ОМОН-ро “ваҳшиёна” номид. 

Ин тафтиши таҳқиромезро, ки аз рӯи усулаш бештар на ба тафтиши ҳуҷҷатҳо, балки амалиёти боздошти ҷинояткорони махсусан хавфнок монанд буд, қотеъона маҳкум мекунем”, омадааст дар изҳороти Идораи динии мусалмонони вилояти Маскав. 

Чанд рӯзи охир дар шаҳру ноҳияҳои Русия, бахусус дар шаҳри Котелникии вилояти Маскав тафтишу боздошти муҳоҷирон дигарбора авҷ гирифтааст.

Бино ба навиштаи расонаҳо, дар ин минтақа муҳоҷирони зиёде зиндагӣ мекунанд ва нерӯҳои амниятӣ вақтҳои охир дар қаҳвахонаву хобгоҳҳои гуногуни ин шаҳр “рейд” мегузаронд, ки дар натиҷаи он даҳҳо муҳоҷир боздошт мешавад.  

Сомонаи “Голос ислама” менависад, ки  нерӯҳои амниятӣ гӯё бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ мубориза мебаранд, аммо афроде, ки аснодашон комил асту ҳеч мушкиле надоранд, низ таҳти бозҷӯӣ қарор мегиранд ва ҳатто ихроҷ ҳам мешаванд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳуҷуми шадиди Исроил ба Лубнон. Исроил Лубнонро ҷузъи оташбас намедонад

Пас аз эълони тавофуқи оташбас байни Эрон ва Амрико Исроил ҳамлаҳои худро ба чандин минтақаи Лубнон шиддат бахшидааст.

Боздошт ва истирдоди модари як фаъоли кушташуда аз Русия ба Тоҷикистон

Дар Русия бо дархости мақомоти тоҷик Амчигул Амиршоева, модари фаъоли шаҳрвандӣ Тутишо Амиршоеви 23-сола, ки моҳи ноябри соли 2021 дар ҷараёни эътирозҳо дар шаҳри Хоруғ кушта шуда буд, боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод гардид.

Вазири дифои Тоҷикистон ҳамлаҳо бар Эронро маҳкум кард

Вазири дифои Тоҷикистон дар як суҳбати телефонӣ бо сарпарасти Вазорати дифои Эрон масоили вобаста ба вазъияти ахири минтақаро баррасӣ кард.

Гурӯҳе аз ҳоҷиёни тоҷик дар Саудӣ овора шудаанд

Гурӯҳе аз ҳоҷиёни тоҷик ба сабаби доштани ҳуҷатҳои қалбакӣ дар сафари ҳаҷ дар Арабистони Саудӣ сарсон шуда, аз сафорати Тоҷикистон дархости баргаштан ба Ватанро карданд.