9.9 C
Dushanbe

Нархи пиёз дар Тоҷикистон арзон мешавад?

Дар Тоҷикистон ҳудуди 420 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ шудааст, ки беш аз 50 дарсади ҳаҷми ҷамъшудаи тамоми давраи соли 2021-ро ташкил медиҳад.

Мувофиқи маълумоти мақомот, соли гузашта дар Тоҷикистон беш аз 700 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ шуда буд.

Дар нимаи аввали соли 2022 дар саросари ҷаҳон афзоиши назарраси нархи пиёз мушоҳида шудааст. Дар моҳҳои март-июни соли 2022 арзиши миёнаи 1 кг пиёз дар бозорҳои Тоҷикистон ба 8 сомонӣ расида буд, ки нигарониҳои сокинони кишварро ба бор овард.

Болоравии нархи пиёзро ба кам шудани майдони кишт, афзоиши содирот ва тамом шудани захираи маҳсулот дар анборҳо рабт медиҳанд.

Бино ба иттилои “Asia Plus”, дар миқёси ҷаҳон Тоҷикистон ба хориҷи кишвар начандон зиёд пиёз мефурӯшад, лекин аз содир намудани пиёзи барвақтӣ истифода мебарад. Айни замон содирот аз кишвар маҳдуд шуд, чунки бо сабаби зиёдшавии ҳаҷми истеҳсол дар кишварҳои содиркунанда, нархи воридот ҳам поин рафт.

Дар ҳоли ҳозир нархи миёнаи 1 кг пиёз дар Тоҷикистон 4-5 сомониро ташкил дода, дар оянда метавонад боз ҳам поин равад, аммо поинравии нархҳо бештар ба ҳаҷми ҷамъоварии пиёз дар соли 2022 бастагӣ дорад.

Бино ба иттилои Анентии содиротии Тоҷикистон, дар соли ҷорӣ ҳудуди 66 ҳазор тонна пиёз содир шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 18 ҳазор тонна камтар аст.  

Аммо ба гуфтаи Вазорати кишоварзӣ, даромад аз фурӯши пиёз дар муқоиса бо соли гузашта 36 дарсад афзоиш ёфта, аз 4,7 миллион доллари соли 2021 ба ба 6,6 миллион доллар дар соли 2022 баробар шудааст.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон бо як қароре ба хотири коҳиши нархи пиёз дар бозорҳои дохилӣ ва захираи ин навъи маҳсулот аз охири моҳи июл содироташ ба Русияро боздошта буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҷоизаи байналмилалии Манучеҳр Холиқназаров

Ҳуқуқшиноси шинохтаи зодаи Бадахшон ва зиндонии сиёсӣ Манучеҳр Холиқназаров барандаи ҷоизаи бонуфузи Мартин Энналс гашт.

Талаби созмонҳо барои озодии фаврии Эргашев

Созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқи башар аз Олмон талаб доранд, ки барои озодии ҷавони тоҷик Дилмурод Эргашев болои мақомоти Тоҷикистон фишор оранд.

Таҳдидҳои нав аз он сӯи марзҳо

Таҳдидҳои нави силоҳбадастони тоҷик дар он сӯи марзҳо вокунишҳои ҷиддиеро дар ҷомеа ба вуҷуд овардааст.

“Касе гапи маро гӯш намекунад”. Додхоҳии як зани афғон аз мақомоти тоҷик

Як зани 24-солаи шаҳрванди Афғонистон, ки дар Душанбе зиндагӣ мекунад, аз мақомоти қудратии кишвар кумак хостааст.