20.9 C
Dushanbe

Нархи гази моеъ дар Тоҷикистон боз боло рафт

Нархи гази моеъ дар Тоҷикистон боз боло рафт. Дар ин бора “Sputnik” хабар дод. Ба навиштаи ин сомона, дар аксар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон, ду рӯзи охир нархи газ то 10 дарсад боло рафта ба 4,4 ва 4,5 сомонӣ баробар шудааст.

Сабаби боло рафтани нархи онро таъминкунандагони фурӯши сӯзишворӣ ба мушкилиҳо дар марз бо Қазоқистон рабт додаанд. Ба гуфтаи таъминкунандагони сӯзишворӣ, чанд рӯзи охир наметавонанд аз Қазоқистон газ ворид кунанд ва ин маводи сӯхтро ҳоло аз Русия ба Тоҷикистон ворид карда истодаанд, ки аз сабаби дур будани роҳ ва зиёд шудани хароҷот, нархи газ ҳам боло рафтааст.

Аввалҳои моҳи сентябр баъд аз хабари боло рафтани нархи газ, хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон 9 ширкати воридкунандаи газро ба маблағи 1 млну 200 ҳазор сомонӣ ҷарима намуда буд. Баъд аз ҷарима шудани ширкатҳо нархи ин навъи сӯзишворӣ 18 дарсад поён рафт. Гази моеъ дар Тоҷикистон аз замони баъди хатми карантин боло рафт.

То он замон нархи газ ба 2.5 сомнӣ баробар буд. Сар аз моҳи июн то нимаҳои моҳи август нарх 55% боло рафта, ба 4.7 сомонӣ баробар шуда буд, ки нигаронии мардумро ба вуҷуд овард. Маводи сӯхт дар Тоҷикистон аз хориҷа ворид карда мешавад. Соли гузашта бино ба маълумотҳои омории гумрук, беш аз 430 ҳазор тон гази моеъ, қариб 180 ҳазор тон бензин ва ҳудуди 250 ҳазор тон маводи дизелӣ ба Тоҷикистон ворид шудааст.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, дар Тоҷикистон яке аз воридкунандагони асосии маводи сӯхт ширкати “Фароз”-и Шамсулло Соҳибов аст, ки бозор сӯзишвориро пурра зери назорат дорад. Ҳар ширкати дигаре, ки мехоҳад ба кишвар маводи сӯхт ворид кунад, бояд аз “Фароз” иҷозатнома гирад ва сари ҳар тоннаи ворид кардааш маблағ месупорад. Ба назари огаҳони умур, инҳисори бозори маводи сӯхт аз ҷониби “Фароз” сабаби боло рафтани нархи сузишворӣ дар кишвар гардидааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Трамп 5 ҳазор сарбози иловагӣ ба Лаҳистон мефиристад

Доналд Трамп изҳор дошт, ки қасд дорад 5 ҳазор сарбози иловагиро ба Лаҳистон (Полша) эъзом кунад.

Вокуниши Шуъбаи маорифи Нуробод ба латтукӯби муаллим дар ин ноҳия

Пас аз тақрибан ду ҳафтаи латтукӯби Раҳмонов Муҳимҷон дар Нуробод, масъулини Шуъбаи маорифи ноҳия ба хабаргирии ин омӯзгор рафтанд.

Таваллуд дар Душанбе ва Бадахшон коҳиш ёфтааст

Ба иттилои мақомоти расмӣ, суръати рушди аҳолӣ дар Тоҷикистон нисбат ба соли гузашта коҳиш ёфтааст.

Оғози “рейд”-ҳои навбатӣ бар зидди муҳоҷирон дар Русия

Мақомоти Русия дар шаҳри Санкт-Петербург, вилоятҳои Ленинград ва Оренбург барои ошкор кардани қонуншиканиҳо дар соҳаи муҳоҷират "рейд"-ҳои нав оғоз карданд.