Насби акси Раҳмону Путин дар дари сафорати Тоҷикистон дар Олмон

Имрӯз, 24-уми марти соли 2023 дар назди сафорати Тоҷикистон дар Олмон бо ташаббуси ҳамкорони олмонии Абдуллоҳи Шамсиддин гирдиҳамоии эътирозӣ барпо шуд.

Гурӯҳе аз мухолифони ҳукумати Раҳмон низ бо ташаббускорон ҳамроҳ шуда, бо шиордоданҳо аз Ҳукумати кишвар озодии Абдуллоҳи Шамсиддинро талаб карданд. Эътирозгарон дар охир рӯи лавҳаи назди дарвозаи сафорат акси Эмомалӣ Раҳмонро, ки дар зераш шиорҳои “Раҳмон бас аст!” ва “Раҳмон қатли шаҳрвандон бас аст!” навишта шуда буд, насб карданд.

Пас аз талаби озодии Абдуллоҳи Шамсиддин ва насби акси Раҳмон ба дари сафорати Тоҷикистон дар Олмон, эътирозгарон ба назди Вазорати корҳои хориҷаи ин кишвар рафта, онҷо эътирози худро идома доданд. Онҷо низ аз мақомоти ин кишвар хостанд, Абдуллоҳи Шамсиддинро аз Тоҷикистон ба Олмон баргардонанд.

Дар ҳамин ҳол, раиси Дастгоҳи иҷроияи Паймони миллии Тоҷикистон Исломҷон Саидов дар тамоси телефонӣ ба Azda tv гуфт, “қарор аст фардо, 25-уми март эътирози васеътаре дар назди парлумони Олмон баргузор шавад. Дар ин эътироз мухолифини тоҷик эътирози худро дар робита ба сафари Раҳмон ба Амрико ва кишварҳои аврупоӣ баён хоҳанд кард.”

Масъули ПМТ мегӯяд, ин сеюмин иқдом ин эътилофи мухолифни тоҷик хоҳад буд, дар робита ба сафри Раҳмон ба Амрико ва Аврупо гирифта мешавад. Ӯ аз “пахши изҳорот ва фиристодани нома ба ҷиҳатҳое, ки андактарин кумак дар ин сафар доштанд ва инчунин тазоҳуроте, ки фардо дар нақша доранд”, ёдовар шуд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳуши маснуъӣ – абзори нави давлати Тоҷикистон дар саркӯби мухолифин?

Ба назар мерасад, ки мақомоти Тоҷикистон ҳуши маснуъиро ҷойгузини на танҳо барои Интерпол, балки барои муфаттишони бесавод низ пайдо кардаанд.

Роналду ба корномаи 23-солаи худ дар тими миллии Португалия нуқта гузошт

"Агар ягон голи ман боиси шодии шумо шуда бошад, пас ҳама заҳматҳо арзанда буданд". Бо ин суханон Криштиану Роналду 5-уми ноябр аз тими миллии Португалия видоъ кард.

Боздошти гурӯҳе, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.