Мақомоти Туркия мегӯянд, ки давоми рӯз дасти кам се маротиба заминҷунбиҳои ҷадиде бо бузургии аз 4,1 то 5 дараҷа шимолу шарқи ин кишварро такон додааст. Акс: Интернет Субҳи имрӯз, 11-уми феврали соли 2023 оморҳои расмӣ аз Турия ва Сурия аз он ҳикоят доранд, ки теъдоди қурбониёни ин ҳодисаҳои ғамангез беш аз 26 ҳазору 330 нафарро […]
AZDA.TV· Ба дигарон фирист
Мақомоти Туркия мегӯянд, ки давоми рӯз дасти кам се маротиба заминҷунбиҳои ҷадиде бо бузургии аз 4,1 то 5 дараҷа шимолу шарқи ин кишварро такон додааст.
Акс: Интернет
Субҳи имрӯз, 11-уми феврали соли 2023 оморҳои расмӣ аз Турия ва Сурия аз он ҳикоят доранд, ки теъдоди қурбониёни ин ҳодисаҳои ғамангез беш аз 26 ҳазору 330 нафарро ташкил дода ва ин омор дар ҳоли афзоиш аст.
Тибқи охирин оморҳо, теъдоди қурбониёни дар Туркия 21 ҳазору 842 нафар ва шумори захмиҳо ба 80 ҳазору 104 каси дигар расидааст. Аммо ин омор дар Сурия 4 ҳазору 487 кушта ва 7 ҳазор 396 маҷруҳро ташкил медиҳад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулъода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон эълон кард, ки гурӯҳи наҷоти кишварамон, ки дирӯз вориди Қаҳрамонмараш шуда буданд, субҳи имрӯз як тифли 6-моҳа ва падарашро аз зери оворҳои ба ҷо монда аз заминларза зинда берун бароварданд. “Ин ду нафар зери вайронаҳо муддати 6 рӯз зинда монда буданд.“
Зиёда аз 100 ҳазор нафар дар гурӯҳҳои наҷоти беш аз 70 кишвари дунё ва фаъолону хайрхоҳони турк ва сокинони ин кишвар корҳои ҷустуҷӯ ва наҷоти мардумони зери оворҳоро дар Туркия идома медиҳанд ва лаҳзаҳа ба лаҳлаза талош доранд, ки ҷони мардумро наҷот диҳанд.
Аммо бархе сокинони Сурия бо роҳандозии иқдомҳои кумакхоҳӣ аз тариқи расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ мегӯянд, бо гузашти 6 шабонарӯз аз ин ҳодисаҳои мудҳиш ҳамоно ҳам ҳеч гурӯҳи наҷоте аз давлатҳои дунё ба кумаки онҳо наомадааст. Имоконоташон хеле кам ва тавоноиҳояшон ҳам маҳдуд аст, ба ҳамин хотир наметавонанд сари вақт ҷони афроди зери вайронаҳоро наҷот диҳанд.
Бо ин вуҷуд ахбору гузоришҳое аз Турия ва Сурия тариқи расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мешаванд, ки ҳикоят аз наҷоти дасти кам 20 нафарро дар ҳамин рӯз доранд. Дар байни онҳо аз кӯдаки шашмоҳа то пири 72-сола ҳам вуҷуд дорад.
Мо барои беҳтар кардани таҷрибаи шумо ва фаҳмидани тарзи истифодаи сайт кукиҳоро истифода мебарем. Шумо метавонед розӣ шавед ё рад кунед. Рад кардан метавонад баъзе имкониятҳоро маҳдуд кунад.
Functional
Always active
The technical storage or access is strictly necessary for the legitimate purpose of enabling the use of a specific service explicitly requested by the subscriber or user, or for the sole purpose of carrying out the transmission of a communication over an electronic communications network.
Preferences
The technical storage or access is necessary for the legitimate purpose of storing preferences that are not requested by the subscriber or user.
Statistics
The technical storage or access that is used exclusively for statistical purposes.The technical storage or access that is used exclusively for anonymous statistical purposes. Without a subpoena, voluntary compliance on the part of your Internet Service Provider, or additional records from a third party, information stored or retrieved for this purpose alone cannot usually be used to identify you.
Marketing
The technical storage or access is required to create user profiles to send advertising, or to track the user on a website or across several websites for similar marketing purposes.