13.9 C
Dushanbe

Наздики 10 ҳазор сокинони Қирғизистон аз барқ маҳрум шуданд

Акс аз electrikmaster.ru

«Северэлектро» -як ташкилоти барқрасон дар Қирғизистон (барои Бишкек, вилоёти Чуй ва Талас) барои ҳудуди 10.000 аз муштариёни худ,ки дар даврони карантини эъломшуда қарздор шудаанд, интиқоли неруи барқро қатъ кардааст. Дар ин бора сомонаи KaktusMedia хабар додааст.

Моҳи марти соли ҷорӣ дар саросари Қирғизистони режими вазъияти фавқулодда ҷорӣ карда шуд, вале дар Бишкек ва шаҳрҳои дигари бузурги ҷумҳурӣ режими сахттари вазъияти фавқулодда ҷорӣ шуд. Дар он ҷойҳое,ки вазъияти фавқулодда амалӣ гардид, барои танҳо кормандоне иҷозаи кор дода шуд,ки дар соҳаҳои асосӣ фаъолият мекунанд. Аз ин сабаб бисёрии одамон дар як вазъияти танги молиявӣ гирифтор шуданд.Аз ин хотир аз 26 март  «Северэлектро»  бо тавсияи ҳукумат интиқоли барқ барои се моҳ, аз ҷумла барои қарздоронро низ қатъ накард.

Аммо дар моҳи май режими вазъияти фавқулодда бекор карда шуд. Вале мисли пешини режими ҳолати изтирорӣ идома дорад. 13 август  «Северэлектро» эълон кард,ки аз 17-18 август интиқоли барқ барои қарздоронро қатъ мекунад. Дар натиҷа шурӯъ аз 18 август қатъи оммавии нерӯи барқ ба роҳ монда шудааст.

Хабарнигори KaktusMedia хабар медиҳад,ки дар ин рӯз дар назди бинои «Северэлектро» дар кӯчаи Тоголока Молдо дар Бишкек навбати тӯлонии хоҳишмандони пардохти қарз ба вуҷуд омадааст. Чанде аз онҳое,ки дар ин навбати тӯлонӣ қарор доранд,изҳори нороҳатӣ кардаанд,ки касе онҳоро дар мавриди қатъи неруи барқ огоҳ накардааст. Ба нишонии қарздорон кадом огоҳинома наомадааст.

Бекор кардани режими вазъияти фавҷуллода дар моҳи май маҳз бо сабабҳои иқтисодӣ алоқаманд буд. Бисёрии қирғизистониҳо пасандоз надоранд ва аз маошу даромади ҳаррӯза вобастаанд. Барои мисол таксистҳо ва савдогарони бозор ҳар бегоҳ маводди ғизоӣ ва дигар лавозими зиндагӣ мехаранд бо он маблағе,ки кор кардаанд. Хонаводаҳои онҳоро бисёр мушкил аст дар чунин шароит. Аммо баъди бекор кардани вазъияти фавқуллода ҳолати беҳдоштиву  эпидемиологӣ хеле бад шудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Беш аз 170 миллиард рубл даромад аз ҳисоби патенти муҳоҷирон

Дар соли 2025 шаҳрвандони хориҷие, ки дар Русия бо патент кор мекунанд, ба буҷети ин кишвар 172 миллиард рубл даромад ворид карданд.

13 тоҷик дар Русия ба ҳабси абад маҳкум шуданд

Яке аз додгоҳҳои Русия ҳукми 19 гумонбари ҳамла ба толори консертии "Крокус Сити Ҳолл"-ро, ки 16 нафараш зодагони Тоҷикистон мебошанд содир кардааст.

СММ бо қабули қатънома аз Эрон хост ба кишварҳои Халиҷи Форс ҳамла накунад

Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид шоми рӯзи 11-уми март...

Аз ҷанг бар зидди Эрон 12 рӯз гузашт: Теҳрон аз шиддат бахшидани ҳамлаҳояш хабар дод

Бо ворид шудани ҷанги Амрико ва Исроил бо Ирон ба рӯзи 12-уми худ, нефт дар даҳҳо кишвари дунё ба таври нигаронкунанда гарон шудааст.