-1.1 C
Dushanbe

НБО “Роғун” ё гови ҷӯшоии Эмомалӣ Раҳмон

Дар Тоҷикистон мардум дар бораи лоиҳаи “Гови муқаддас” аз даричаи мусбат менигаранд. Ҳатто сарсахттарин мухолифон низ аз интиқоди он худдорӣ мекунанд. Имрӯз мо дар мавриди ин “Гови муқаддас”, аниқтараш ҳамон “Гови ҷӯшо”-и Эмомалӣ Раҳмон – нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” суҳбат хоҳем кард.

Таърихи кӯтоҳи НБО “Роғун”

НБО “Роғун” яке аз бузургтарин иншооти сохтмонаш нотамоми Шуравӣ буд, ки ба Тоҷикистон мерос мондааст. Нерӯгоҳ дар дарёи Вахш сохта мешавад. Иқтидори лоиҳавии он ба 3600 мегаватт/соат баробар аст. “Роғун” дорои баландтарин сарбанд дар ҷаҳон хоҳад буд, ки баландияш ба 335 метр мерасад. Пас аз анҷоми сохтмон ин сарбанд метавонад оби дарёи Вахшро танзим кунад.

 Буҷети лоиҳа

Соли 2008, вақте сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” аз нав оғоз шуд, аз рӯи ҳисоби Ҳукумати Тоҷикистон аз соли 1972 то соли 1991 барои амалӣ намудани ин лоиҳа 804 миллион доллар хароҷот шуда буд. Бо қурби имрӯза он тақрибан 2 миллиард долларро ташкил медиҳад. Аммо дар мавриди маблағе, ки барои анҷом додани ин лоиҳа лозим аст, ҳукумати кишвар рақамҳои гуногун ироа кардааст.

Масалан, соли 2008 арзиши корҳои боқимондаи сохтмон 3 миллиард доллар гуфта мешуд. Соли 2016 ин рақам то 3 миллиарду 900 миллион расид. Соли 2022 расман эълон шуд, ки барои анҷом додани НБО “Роғун” 5 миллиард зарур аст, вале тирамоҳи 2023 ин рақам то 6 миллиард доллар боло рафт. 

Сабабҳои афзоиши хароҷоти лоиҳаро ҳукумат бо ибораҳои умумӣ шарҳ медиҳад:

— аз нав баҳо додани арзиши баъзе корҳо дар нерӯгоҳ;

— таварруми пулӣ;

— паст шудани қобилияти харидории доллари ИМА.

Хароҷот дар давоми 15 сол

Аз соли 2008 то имрӯз сохтмони НБО “Роғун” пурра аз ҳисоби буҷети давлат анҷом дода мешавад. Дар ин муддат ба лоиҳа зиёда аз 40 миллиард сомонӣ хароҷот шудааст. Аз рӯи қурби пулии имрӯза ин тақрибан ба 3 миллиарду 650 миллион доллар баробар аст. 

“Талбидан” аз тамоми ҷаҳон

Аз соли 2019, аз сабаби якбора зиёд шудани хароҷоти сохтмони сарбанд, сохтмони таҷҳизоти асосии чархаҳои обӣ, инчунин зарурати харидории таҷҳизоти обӣ Тоҷикистон ба мушкилоти ҷиддии молиявӣ дучор шудааст. Баъзе солҳо ҳаҷми маблағгузории лоиҳа аз ҳисоби буҷети давлатӣ аз 12 то 20 дарсади онро ташкил додааст.

Умеди ҳукумати кишвар дар мавриди он ки ин лоиҳаро муассисаҳои молиявии ғарбӣ, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ, Бонки рушди осиёӣ ва Бонки аврупоии бозсозӣ ва рушд маблағгузорӣ мекунанд, амалӣ нашуд.

Инак, барои аз ин ҳолат баромадан ва вазъиятро наҷот додан соли 2018 ташаббуси хатарнокеро ба роҳ монданд – ба маблағи 500 миллион доллар евробонд ва ё вомбаргҳои давлатиро ба бозор бароварданд.

Ба гуфтаи коршиносон, Тоҷикистон ин маблағро бо дарсади хеле баланд – 7,1 дарсад дарёфт кардааст. Ин маънои онро дорад, ки кишвар бояд танҳо то баргардонидани қарзи асосӣ ҳар сол 35 миллион доллар пардохт намояд.

Илова бар он, маълум шуд, ки ҳамин сол Ҳукумати Тоҷикистон наздик ба 1 миллиард доллар қарзҳои гуногун ба даст овардааст.

Аз ҷумла:

– Бонки давлатии чинии Бонки сармоягузории инфрасохтории Осиё ба маблағи 500 миллион доллар; 

– Фонди рушди Саудӣ – 100 миллион доллар; 

– Бонки давлатии русии Бонки рушди авруосӣ  – 130 миллион доллар; 

– ҳамчунин Бонки исломии рушд  – 250 миллион доллар. 

Вақте дар мавриди ин маблағҳои ҳангуфт, ки на танҳо барои Тоҷикситони қашшоқ, балки ҳатто барои кишварҳои сарватманд низ ҳангуфт ба ҳисоб меравад, андеша мекунед, ҳатман дар зеҳни мардуми оддӣ суол пайдо мешавад, ки ин маблағҳо ба куҷо хароҷот мешаванд?

Ҳангоми ҳисоботҳо Ҳукумати Тоҷикистон агарчи кӯшиш мекунад, ки шаффофияти худро намоиш диҳад, аз ҷумла, дар бораи тендерҳо эълон нашр мекунад ва ҳар се моҳ дар бораи сохтмони НБО “Роғун” ҳисобот нашр мекунад, вале ин суол, ки чаро ин тендерҳоро ҳамеша ширкатҳои муайян мебаранд, беҷавоб боқӣ мемонад.

Ширкатҳои сохтмонии оила 

Акнун дар бораи нуқтаи асосӣ: Чӣ гуна оилаи раисҷумҳур аз сохтмони НБО “Роғун” кисаҳои худро пур мекунад?

Холо дар сохтмони НБО “Роғун” дақиқан 120 корхона фаъолият мекунад. Онҳоро тақрибан ба чор гурӯҳ тақсим кардан мумкин аст:

– лоиҳавӣ;

– назоратӣ, ки сифати корро назорат мекунанд;

– хизматрасонӣ, ки дар боркашонӣ ва таъмини маводи зарурӣ кумак мекунанд;

– ширкатҳои сохтмонӣ, ки бевосита ба корхои сохтмонӣ машғуланд.

Ҳангоми баррасии феҳристи ширкатҳо метавон мушоҳида кард, ки Ҳукумати Тоҷикистон агарчи комилан ба фасоди молӣ ғӯтавар аст, вале дарк кардааст, ки корҳои лоиҳавӣ, сохтмони иншооти аввалиндараҷаи нерӯгоҳ ва ҳамчунин назорат ба сифати кор дар НБО “Роғун” хеле душвору печида аст, бинобар ин, ба ин корҳо танҳо ширкату созмонҳои салоҳиятноки ҷаҳонӣ ва машҳур роҳ дода шудаанд.

Масалан, ҳамаи корҳои лоиҳавиро дар НБО “Роғун” Институти «Гидропроект»-и Русия ва сохтмони сарбандро ширкати итолиёвии WeBuild Group анҷом медиҳанд. Аммо дар сохтмони иншооти дуюмдараҷа, хариди лавозимоту маводи сохтмонӣ ва боркашонӣ танҳо ширкатҳои номаълуми маҳаллӣ, ки ба хешовандони Эмомалӣ Раҳмон ё раҳбарияти НБО “Роғун” тааллуқ доранд, фаъолият мекунанд.

Ориёнбанк 

Ҳанӯз соли 2010 рӯзноманигорон муайян карда буданд, ки шарти асосии фаъолияти ширкатҳо дар сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” кушодани суратҳисоб ва анҷом додани тамоми муомилоти пулӣ танҳо тавассути Ориёнбонк мебошад. Ин бонк ба Ҳасан Асадуллозода, додарарӯси Эмомалӣ Раҳмон тааллуқ дорад.

“Роғунгэсстрой” 

Як нуқтаи дигаре, ки фасоди молиро собит мекунад – бузургтарин ширкати сохтмоние, ки ба сохтмони НБО “Роғун” вобаса аст, ширкати “Роғунгэсстрой” аст.

Хабарнигорон муайян карданд, ки роҳбарияти Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи НБО “Роғун” бо сабабҳои номаълум аксари корҳои сохтмониро ба як ширкати номаш монанд  – “Роғунгэсстрой” медиҳад ва сипас он дар навбати худ барои иҷрои корҳо ширкатҳои сохтмонии дигарро ҷалб мекунад. Ин тарзи шубҳаноки корбарӣ ҳанӯз соли 2011 диққати Сандуқи Байналмилалии Асъорро ба худ чалб карда буд. Он вақт Сандуқи Байналмилалии Пул аз Ҳукумати Тоҷикистон дархост карда буд, ки ҳисоботи фаъолияти ширкати “Роғунгэсстрой”-ро пешкаш кунад. Вале ҳукумат ин дархостро ба инобат нагирифт. Ин ширкат ҳатто сомонаи расмӣ надорад.

Собиқ шарики домоди Эмомалӣ Раҳмон ва ҳоло мухолифи режим Шарофиддин Гадоев мегӯяд, ки ширкати “Роғунгэсстрой” ба додарарӯси президент Ҳасан Асадуллозода тааллуқ дорад. Бояд зикр кард, ки оилаи Эмомалӣ Раҳмон тавассути ширкати “Талко-Менеҷмент” корхонаи давлатии алюминий – “ТАЛКО”-ро низ идора мекунад.

“ТоҷикСГЭМ” 

Ширкати сохтмонии дигар, ки масъули корҳои сохтмонӣ дар НБО “Роғун” аст, ширкати “ТоҷикСГЭМ” мебошад ва он дар соҳаи энергетикаи обӣ маъруф аст. Трести умумишӯравии “Спецгидроэнергомонтаж” ҳанӯз соли 1942 ташкил ёфта, дар сохтмони қариб ҳамаи иншоотхои барқиию обии Тоҷикистон саҳм гузоштааст. Аммо соли 2010, вақте аз нав оғоз кардани сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ба нақша гирифта шуд, додарарӯси президент Ҳасан Асадуллозода ин ширкатро аз худ кард ва дар он одами худро роҳбар таъйин кард.

ҶСК “ТГЭМ” 

Ширкати сохтмонии бузурги дигар, ки дар инҳооти НБО “Роғун” фаъолият мебарад, ширкати “ТаджГидроЭлектроМонтаж” ё “ТГЭМ” аст. Ин ширкат низ собиқаи кории зиёд дорад. Раёсати насбкунии “Гидроэлектромонтаж”, ки соли 1959 ташкил ёфта буд, корҳои насбкунии барқиро дар ҳамаи иншооти муҳими энергетикии кишвар анҷом додааст. Пас аз оғози сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ширкати “ТГЭМ” соли 2010 аз ҷониби Ҳасан Асадуллозода низ хусусӣ гардонида шуд, вале дертар ба писари президент Рустами Эмомалӣ гузашт. Тавре расонаҳои мухолифин қайд кардаанд, Рустами Эмомалӣ ҳамсабақаш Иқбол Сафаровро роҳбари ин ширкат таъйин кардааст.

Ҳоло “ТГЭМ” ҳамчун зерпаймонкори (зерпудратчии) ширкати итолиёвии WeBuild Group (ВиБилд Групп), ки сарбанди нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”-ро месозад, фаъолият мекунад ва ҳамчунин сохтмони иншооти нерӯгоҳи барқи обиро, ки дар соҳили рости дарёи Вахш воқеанд, бар уҳда дорад.

 Обулойи маблағҳои НБО “Роғун”

Хешовандони Эмомалӣ Раҳмон дар баробари он ки кисаҳои худро аз ҳисоби дародмадҳои қарордодҳои давлатӣ ва таъминоти нерӯгоҳи “Роғун” пур мекунанд, боз ба маблағҳои ин нерӯгоҳ, ки дар бонкҳои мухталиф нигаҳдорӣ мешаванд, дастрасии пурра доранд.

Барои мисол, соли 2019 маълум шуд, ки ширкатҳои наздик ба оилаи президент аз маблағе, ки барои нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” пешбинӣ шудаанд, қарзҳои калон ба даст овардаанд. Сухан дар бораи 200 миллион долларе меравад, ки ҳукумат дар соли 2010 бо роҳи иҷборӣ аз аҳолӣ ҷамъоварӣ карда буд. Дастрасии хешовандони раисҷумҳур ба маблағҳои сохтмони “Роғун” дар пайи кушодани шудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи раиси ширкати “Умед-88” Раҷабалӣ Одинаев расонаӣ шуд. Тавре мухолифин муайян карданд, Одинаевро ҳамсари Эмомалӣ Раҳмон Азизамоҳ сарпарастӣ мекардааст.

Маълум шуд, ки бо дастури ҳамсари раисҷумҳур ба наздикон ва тоҷирони шиносаш аз ҳисоби маблағҳои НБО “Роғун” даҳҳо миллион доллар қарзҳо бо дарсади хеле паст дода шудааст.

То имрӯз сарнавишти 200 миллион доллар маълум нест.

Хулоса

Тавре мебинем, Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо оилааш лоиҳаи дорои аҳамияти миллиро ба сарчашмаи оддии ғорати сарвати миллат табдил додааст. Дар пасманзари ғорати маблағҳои ҳангуфт, ки барои сохтмони НБО “Роғун” ҷудо шудаанд, оё метавон дар ояндаи наздик анҷоми ин сохтмонро интизор шуд?

Ба ин суол ҳеҷ кас, ҳатто роҳбарияти нерӯгоҳ посух дода наметавонад. Имрӯз аллакай маблағе, ки ба ҳар як мегаватт иқтидори ин нерӯгоҳ хароҷот шудааст, нисбат ба ҳамин нишондиҳандаи нерӯгоҳи “Сангтӯда-1” ду баробар бештар шудааст. Дар нерӯгоҳи “Сангтӯда-1” ҳар як мегаватт иқтидори нерӯи барқ бо​​ 825 ҳазор доллар сохта шудааст, аммо дар НБО “Роғун”, ки ҳоло сохтмонаш ба анҷом нарасидааст, аз рӯи ҳисоби имрӯза арзиши ҳар як мегаватт иқтидори нерӯи барқ аллакай аз 1 миллиону 640 ҳазор доллар гузаштааст.

Барои ба охир расонидани “ғояи миллӣ”-и мардуми Тоҷикистон ба оилаи носерами Эмомалӣ Раҳмон боз чӣ қадар маблағҳои ҳангуфт лозим мешавад, имрӯз касе гуфта наметавонад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Нигоҳе ба вазъи иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2024

Мушкилоти муҳоҷирон дар кишварҳои ИДМ, таварруми пули миллӣ ва таъсири он  дар иқтисоди кишвар аз ҷумлаи чолишҳои бузурги соли 2024 буд.

Боздоштҳои сиёсӣ ва истирдоди шаҳрвандон аз хориҷ ба кишвар дар соли 2024

Боздошти чеҳраҳои сиёсӣ ва истирдоди шаҳрвандон аз хориҷ ба Тоҷикистон аз хабарҳои муҳиме буд, ки соли 2024 дар титри расонаҳои дохил ва хориҷ қарор гирифт.

Радиои Озодӣ соҳибони Net Solutions-ро дар Тоҷикистон ошкор кард

Санадҳои ёфтаи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ нишон медиҳанд, ки...

Омили террори генерали рус аз муҳоҷирони Осиёи Марказӣ будааст

Мақомоти Русия аз боздошти як шаҳрванди узбекистонӣ хабар доданд, ки дар террори генерли 54-солаи рус гумонбар мешавад.