Нерӯгоҳи Себзор бо 17 миллион еврои Олмон сохта мешавад

Олмон ва Тоҷикистон ҷиҳати бунёди як неругоҳи барқи обӣ қарордод ба имзо расониданд. Дар ин бора хабаргузории “Sputnik” бо такя ба Дафтари матбуоти вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон иттилоъ дод.

Дар хабар омада, ки Завқӣ Завқизода вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва мудири Бонки Рушди Олмон ҷиҳати бунёди неругоҳи барқи обии Себзор қарордоде ба арзиши 18 миллиону 600 ҳазор евро имзо карданд.

Лозим ба тазаккур аст, ки 2 августи соли 2019, Тоҷикистон ва Олмон тавофуқномаеро  ба имзо расонданд, ки тибқи он Олмон барои сохти неругоҳи Себзор 17 миллион евро кумак хоҳад кард.

Ҳамчунин дар 2-уми декабри соли 2019, қарордоди молӣ барои сохти ҳамин неругоҳ байни давлатҳои Тоҷикистон ва Суис  ба имзо расида буд.Бар пояи ин қарордод Суис барои бунёди хати интиқоли 110 килловватаи неругоҳи Себзор – Хоруғ, ба арзиши 9.55 миллион доллар ихтисос медиҳад.

Илова бар ин, Бонки Ҷаҳонӣ ҳам барои санҷиши зарфият ва тавонманди хати интиқоли барқи неругоҳ 1 миллиону 900 ҳазор доллар ба Тоҷикистон кумак кард.

Тоҷикистон қасд дорад сохтмони неругоҳи барқи обии Себзор зудтар ба анҷом бирасад ва  дар нақша аст ки фаъолияти он  дар соли 2022 ба роҳ монда шавад.Феълан сокинон ва корхонаҷоти Вилояти Худмухтори Бадахшонро ширкати “Помирэнержӣ” бо неруи барқ таъмин мекунад.Ин ширкат мустақил буда ва бо сармояи хориҷӣ фаъолияти худро пеш мебарад.ба фарқ аз бақия манотиқи Тоҷикистон ин вилоят танқиси дастрасӣ бо неруи барқро надорад.Вале баҳои истифодаи  неруи барқ дар ин вилоят гаронтар аз дигар вилоятҳои Тоҷикистон аст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Марзи номус: Галустяни “ҚАҲРАМОН” ва Раҷабови “ҶИНОЯТКОР”

Ду таҳқир, ду вокуниш: ҷомеъа якеашро диду вокуниш нишон дод, аммо мақомоти ҳардуяшро нодида гирифтанд ва ҳатто дар таҳқири миллат шарик шуданд.

Дар Русия мехоҳанд аз пули фиристодаи муҳоҷирон андоз ситонанд

Баъзе аз сиёсатмадорон дар Русия пешниҳод кардаанд, ки ҳангоми интиқоли пул аз Русия ба хориҷ то 3 дарсад маблағи иловагӣ ситонида шавад.

СММ: Беш аз 70 дарсади офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон ба об рабт доранд

Беш аз 70 дарсади офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон ба об рабт дошта, зиёда аз 80 дарсади хисороти аз офатҳои табиӣ расидаро ташкил медиҳанд.

“Бесавод” ва “неандертал”: Интиқоди Шаҳидӣ аз мунтақидони Галустян

Пас аз сафари Михаил Галустян ба Тоҷикистон ва вокунишҳои тунди ҷомеаи шаҳрвандӣ, Табрез Шаҳидӣ, писари оҳангсоз Толиб Шаҳидӣ аз ӯ ҳимоят карда, мунтақидонро "неандертал" хонд.